logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

"Нисфи сараш набуд". Пайвандони як сарбози 19-сола таҳқиқи одилонаи марги ӯро дар артиш талаб кардаанд

Рамзӣ Калонов моҳи апрел ба хизмат рафта, дар як қисми ҳарбии Нерӯҳои марзбонии Истаравшан хизмат мекард, ҷасади ӯро охири моҳи ноябр овардаанд.

Your tj

16:2903.12.2025

"Нисфи сараш набуд". Пайвандони як сарбози 19-сола таҳқиқи одилонаи марги ӯро дар артиш талаб кардаанд

Пайвандони Рамзӣ Калонов, сокини 19-солаи шаҳри Душанбе, аз мақомоти Тоҷикистон тақозо доранд, ки марги ногаҳонии ӯро дар артиш пурра таҳқиқ кунанд ва гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар ин бора Радиои Озодӣ гузориш дод.

Тибқи иттилои манбаъ, Рамзӣ Калонов моҳи апрели соли ҷорӣ ба хизмат рафта, дар як қисми ҳарбии Нерӯҳои марзбонии Истаравшан хизмат мекард. Ҷасади ӯро охири моҳи ноябр ба хонааш овардаанд. Наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки аз қисмиҳарбӣ сабаби фавтро бемории қалб гуфтаанд, аммо хонавода ба ин хулоса шубҳа дорад.

"Вақте ҷасадро оварданд, кафанро кушодам. Нисфи сараш набуд, аз зери манаҳ то нофашро чок карда буданд", - гуфтааст ба Радиои Озодӣ Рубина Амрихудоева, модари сарбоз.

Мақомот дар бораи марги Рамзӣ Калонов ба Озодӣ расман шарҳ надодаанд. Танҳо як фармондеҳи қисми ҳарбӣ ба ин расона гуфтааст, ки додситонии ҳарбии Суғд қазияро таҳқиқ мекунад, вале тафсилот надодааст.

Наздикони сарбоз гуфтаанд, ки ба онҳо ягон санади расмӣ пешниҳод нашудааст ва мақомот низ тафсилоте намедиҳанд.

Рамзӣ Калонов пас аз ихроҷ аз Русия моҳи апрел ба артиш бурда шудааст. Хонаводааш дар гузориш гуфтаанд, ки ӯ дар суҳбатҳои телефонӣ "ҳеҷ гоҳ дарди дили худро намегуфт", то наздиконаш нигарон нашаванд.

Пайвандони Рамзӣ Калонов аз президенти Тоҷикистон ва дигар масъулон хостаанд, ки ба қазия дахолат кунанд, то марги сарбоз бо адолат таҳқиқ шавад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

1 дня назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

1 дня назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

4 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

5 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

7 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ