Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Нигаронии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз поймол шудани ҳуқуқи донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷик
Дата публикации: 09:4808.10.2024
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, махсусан муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик дар “қаламрави як қатор кишварҳои ИДМ” нигаронӣ кард.
Дар ин бора “Азия-Плюс” бо такя ба иттилои ВКХ Тоҷикистон хабар дод.
Вазир дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ суханронӣ намуда, ба далелҳои роҳ надодан ва манъи вуруди донишҷӯёни тоҷик, аз ҷумла онҳое, ки тибқи квотаҳои ҳукуматӣ ҷудо карда шудаанд, таҳсил мекунанд, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кардааст.
“Чунин муносибат ба принсипҳои бунёдии инсондӯстӣ ҷавобгӯ набуда, принсипҳои асосии фаъолияти ИДМ-ро зери шубҳа мегузорад. Мо чунин мешуморем, ки бархӯрди ҳамаҷониба, дақиқ ва шаффоф дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷират зарур аст, ки манфиатҳои ҷониби қабулкунанда, кишвари хуруҷ, худи шаҳрвандони меҳнатӣ ва аҳолии маҳаллиро баробар ба инобат гирад”,- таъкид кардааст Сироҷиддин Муҳриддин.
Ҳафтаи гузашта, Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон низ дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия аз поймол ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ карда буд.
Тибқи маълумоти Вазорати меҳнати Тоҷикистон, дар шаш моҳи соли 2024 аз Русия беш Аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ихроҷ карда шудаанд.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандон тавсия дода буданд, ки дар робита ба низоми назорати пурзӯри вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз сарҳад дар гузаргоҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ муваққатан аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд.
Пас аз ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл”, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон айбдор мешаванд, санҷиш, рейд, боздошт, ва ихроҷи муҳоҷирон дар саросари Русия афзоиш ёфт.
247 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад