Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 11:1203.03.2023
Таҷлили имсолаи Наврӯзи сатҳи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Хуҷанд дар назар аст. Дар он Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок хоҳад кард.
Сухангӯи вазорати фарҳанг Марям Холиқзода дар ин бора ба "Азия-Плюс" иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, чорабинии тантанавӣ дар варзишгоҳи “20-солагии истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, иштироки зиёиён, фарҳангиён ва сарояндагони номдори тоҷик дар назар аст.
“Дар ҷашни Наврӯз ширкати меҳмонони хориҷӣ ҳам пешбинӣ шудааст. Дар вилояти Суғд кумитаи таҷлили ҷашни Наврӯз таъсис ёфтааст”, - гуфт Холиқзода.
Аммо ӯ дақиқ нагуфт, ки Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд кадом рӯз таҷлил карда мешавад.
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд мусобиқаи аспдавонӣ, бузкашӣ, ҷашнвораҳои “Сайри гули лола” ва “Маликаи баҳор” пешбинӣ мешавад.
Бояд гуфт, соли гузашта чорабиниҳои асосии ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон баргузор шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки Наврӯз аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми ориёӣ маҳсуб ёфта, он соли 2010 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалиро гирифт.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
19 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад