Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 11:3510.05.2023
Дар робита ба наворе, ки дар он саҳнаи оташ гирифтани як хонандаи мактаб дида мешавад, мақомоти милитсияи пойтахт вокуниш карданд. Навори мазкур чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд. Ҳолати мазкурро Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таҳқиқ мекунад.
Ба иттилои Раёсат, ҳодиса мазкур рӯзи 6-уми май дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 67 ноҳияи Сино ҳангоми машқҳо рух додааст.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Гуфта мешавад, дар мактаби зикршуда дар ин рӯз дар асоси нақша машқҳои мудофиаи гражданӣ ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шудааст.
Дар навори видео дида мешавад, ки пушти куртаи хонанда оташ гирифта, ӯ дар ҳавлии мактаб медавад. Ду нафар бо либоси ҳарбӣ талош доранд, ки ӯро ба кӯрпа (плед) пӯшонанд, то ки оташро хомӯш кунанд. Лекин ба онҳо муяссар намешавад.
Наврас худро аз дасти “имдодгаронон” халос карда, либоси оташгирифтаашро аз тан бадар мекунад. Дар кадрҳо дида мешавад, ки даст ва тахтапушди наврас аз сӯхтор захм гирифтааст.
“Дар натиҷаи аз ҷониби масъулин риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ, зимни оташсузӣ пушти бадани хонандаи синфи 10-уми муассисаи мазкур оташ гирифта, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст”,- омадааст дар хабари Раёсат.
Зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати мазкур, айни замон аз ҷониби кормандони милитсия маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Раёсат дар бораи ҷузъиёти дигари ҳодиса, аз ҷумла чӣ гуна ба либоси мактабхон гузаштани оташ хабар намедиҳад.
Читайте также
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
2 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
2 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
14 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
17 дня назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
18 дня назад