logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Натиҷаҳои рӯзи аввали сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон

Сарони ду давлат изҳор доштанд, ки татбиқи ин санаду лоиҳаҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Узбекистон такони ҷиддӣ мебахшад.

Your tj

09:1327.03.2026

Натиҷаҳои рӯзи аввали сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон

Дар фарҷоми ҷаласаи нахустини Шӯрои олии байнидавлатии Тоҷикистону Узбекистон маросими имзо ва табодули санадҳои дуҷониба баргузор шуд. Дар он Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев иштирок карданд.

Сарони давлатҳо Изҳороти муштарак дар бораи мустаҳкамсозии шарикии стратегӣ ва муносибатҳои иттифоқиро имзо карданд.

Акс: Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои зеринро баррасӣ карданд:

  • Расонидани ҳаҷми савдои дуҷониба то 2 миллиард доллар то соли 2030;
  • Суръат бахшидан ба таъсиси маркази савдои сарҳадии «Ойбек – Фотеҳобод»;
  • Ҷорӣ кардани низомҳои рақамии сертификатсия ва иҷозатномаҳо (E-Permit);
  • Модернизатсияи гузаргоҳҳои сарҳадӣ;
  • Таҳияи барномаи алоҳидаи ҳамкории саноатӣ;
  • Тақвияти сармояи ширкати муштараки сармоягузорӣ;
  • Қабули нақшаи панҷсолаи ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ;

Акс: Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Санадҳои имзошуда

Дар сатҳи ҳукуматҳо ва ниҳодҳо бастаи ҳуҷҷатҳо ба имзо расид, аз ҷумла:

  • Барномаи афзоиши гардиши савдо;
  • Барномаи ҳамкории саноатӣ;
  • Созишнома оид ба истифодаи низомҳои электронии сертификатсия;
  • Созишнома дар соҳаи тандурустӣ;
  • Ҳамоҳангсозии радиобасомадҳо дар минтақаҳои сарҳадӣ;
  • Тағйирот ба созишномаи таъсиси ширкати сармоягузории муштарак;
  • Ҳамкорӣ дар истифодаи системаи E-Permit;
  • Созишномаи ҳамкории илмӣ байни академияҳо;
  • Нақшаҳои амалӣ дар бахшҳои саноат, инноватсия ва кӯҳкорӣ (2026–2028);
  • Барномаи ҳамкорӣ дар фарҳанг (2026–2027);
  • «Харитаҳои роҳ» дар соҳаҳои сайёҳӣ ва агросаноат;
  • Ёддоштҳо дар соҳаҳои инноватсия, хизмати давлатӣ, молия ва маориф;

Лоиҳаҳои оғозшуда

Сарони давлатҳо ба татбиқи 12 лоиҳаи муштарак оғоз бахшиданд:

  • 7 лоиҳа дар Тоҷикистон ба маблағи 98 млн доллар;
  • 5 лоиҳа дар Ӯзбекистон ба маблағи 63,2 млн доллар;

Аз ҷумла, дар Тоҷикистон:

  • Тавсеаи истеҳсоли техникаи маишии ширкати Artel;
  • Сохтмони клиникаи Shox Med дар Душанбе;
  • Таъсиси кластери нассоҷӣ;
  • Коркарди мева ва истеҳсоли маҳлулҳои тиббӣ;
  • Истеҳсоли мебел ва таҷҳизоти саноатӣ дар Суғд;

Дар Узбекистон:

  • Истеҳсоли маҳсулоти ширӣ (Андиҷон);
  • Брикетҳои металлӣ (Сурхондарё);
  • Маҳсулоти консервашуда (Фарғона);

Ҳамчунин дар Тошканд яке аз кӯчаҳои шаҳри нав ба номи «Душанбе» гузошта шуд.

Президенти ҳар ду кишвар изҳор доштанд, ки татбиқи ин санадҳо ва лоиҳаҳо ба рушди босуръати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Узбекистон такони ҷиддӣ мебахшад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

15 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

3 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ