logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Нархи миёнаи хона чанд аст? Кумитаи меъморӣ иддаои дорад, ки арзон шудааст

Соли гузашта нархи манзил дар Душанбе ба ҳисоби миёна 2,8% афзоиш ёфта, дар Хуҷанд 2,9%, Кӯлоб 8,5% ва Бохтар 12% коҳиш ёфтааст.

Your tj

17:3829.01.2026

Нархи миёнаи хона чанд аст? Кумитаи меъморӣ иддаои дорад, ки арзон шудааст

Дар шаҳри Душанбе нархи миёнаи 1 метри мураббаъи хона ба 8 ҳазору 207 сомонӣ (877 доллар) расидааст, ки ин нисбат ба аввали соли гузашта ҳудуди 3% зиёд мебошад.

Дар ин бора имрӯз, 29 январ Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон хабар дод.

Мирзозода таъкид кард, ки дар пойтахт хонаҳои арзонтар ва гаронтар низ ҳастанд.

“Мо дорем биноҳое, ки нархи хонаҳояшон аз ин ҳам баландтар – то 2 ҳазор доллар, дар қисматҳои ошёнаҳои боло хонаҳои арзонтар – 600–700 доллар ҳам ҳастанд”,- гуфт ӯ.

Нархҳои миёнаи манзил дар дигар шаҳрҳои Тоҷикистон чунинанд:

  • Хуҷанд – 5 350 сомонӣ

  • Ҳисор – 4 650 сомонӣ

  • Кӯлоб – 4 000 сомонӣ

  • Ваҳдат – 5 000 сомонӣ

  • Турсунзода – 4 500 сомонӣ

  • Бохтар – 4 000 сомонӣ

Раиси Кумита гуфт, соли гузашта нархи манзил дар Душанбе ба ҳисоби миёна 2,8% афзоиш ёфта, дар Хуҷанд 2,9%, Кӯлоб 8,5% ва Бохтар 12% коҳиш ёфтааст. Дар се соли охир арзиши хона дар пойтахт бештар аз ду баробар зиёд шудааст. Соли 2022 нархи миёнаи як метри мураббаъ дар Душанбе 4 170 сомонӣ буд.

Ҳамзамон, дар соли 2025 ҳаҷми сармоягузорӣ ба рушди асосӣ 28,7 миллиард сомонӣ ва масоҳати 2,127 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба соли 2024 мутаносибан 123% ва 122,3%-ро ташкил медиҳад.

Мирзозода афзуд, ки корхонаи “Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон” се моҳ як маротиба мониторинг гузаронида, нархҳоро муайян мекунад.

Бо вуҷуди афзоиши шумораи хонаҳо, сокинон ҳамасола аз гаронии манзил, сифати пасти сохтмон, таъминоти нокифояи обу барқ ва дер супурдани биноҳо шикоят мекунанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

20 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ