Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:5109.04.2025
Дар шаҳри Душанбе 14-уми апрел Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту-2025” оғоз мегардад. Ин ҷашнвораи фарҳангӣ як ҳафта идома меёбад.
То 21-уми апрел 18 театри касбӣ беҳтарин намоишномаҳои дар солҳои 2023-2024 рӯйи саҳна овардаашонро пешкаши тамошобинон мегардонанд.
Мувофиқи ҷадвали баргузории намоишномаҳо, ки ба Your.tj дастрас гардид, маросими расмии ифтитоҳи фестивал 14-уми апрел, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад.
Дар ин тасвирҳо метавонед бо номгӯи намоишномаҳо, вақт ва макони баргузории онҳо шинос шавед:
[gallery link="file" size="full" ids="41383,41385,41387"]
[gallery link="file" columns="4" size="full" ids="41389,41391,41393,41395"]
Дар чаҳорчӯбаи ҷашнвора, инчунин баргузории мизҳои мудаввар ва дарсҳои маҳорат низ дар назар аст.
Аз ҷумла, рӯзи 20-уми апрел, соати 14:00, дар Театри ҷавонон ба номи М.Воҳидов, коршиносони хориҷӣ барои коргардонҳо ва ҳунарпешагони тоҷик машғулиятҳои махсус мегузаронанд.
Рӯзи 21-уми апрел, дар рӯзи ҷамъбасти озмун, соати 13:00 мунаққидону театршиносон дар нишасте таҳти унвони “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” ба арзёбии намоишномаҳои пешниҳодшуда мепардозанд.
Маросими расмии ҷамъбасти фестивал бошад, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.
Дар давоми як ҳафта, ҳамарӯза ду-се намоишнома дар саҳнаҳои гуногуни пойтахт ба намоиш гузошта мешавад ва даромад ба ҳамаи барномаҳо ройгон аст.
Фестивали “Парасту” ҳар ду сол як бор баргузор шуда, ба рушди театри касбӣ дар кишвар мусоидат мекунад.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
33 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад