logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Наҷоти ронанда ва мусофирони он аз зери тарма. Роҳи Душанбе-Чаноқ ҳанӯз баста аст

Шумораи тармаҳое, ки аз субҳи имрӯз, 25-уми феврал дар ин роҳ фаромадаанд, ба 14 адад расидааст.

Your tj

12:1425.02.2025

Наҷоти ронанда ва мусофирони он аз зери тарма. Роҳи Душанбе-Чаноқ ҳанӯз баста аст

Дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ субҳи имрӯз, 25 феврал тарма фаромада, як мошин зери он мондааст.

Ширкати IRS, ки масъули нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ аз ин роҳ аст менависад, ки мусофирони он аз ҷониби кормандони ширкат наҷот дода шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, паҳноии ин тарма 60 метр ва баландиаш қариб 8 метр буда дар километри 78-уми роҳ фаромадааст. Ширкат менависад, тарма давоми 2 соат пурра бартараф карда мешавад.

“Теъдоди тармаҳое, ки имрӯз дар роҳи Душанбе - Чаноқ фаромаданд, ба 14 адад расид. Ҳоло бартарафсозии онҳо идома дошта, кормандони мо тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодаанд, то зудтар ҳаракати нақлиёт имконпазир гардид”,- хабар медиҳад IRS

Гуфта мешавад, то ҳол ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар ин масир муваққатан қатъ гардидааст.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

Ба иттилои манбаъ, тарма дар километрҳои 67, 78, 73 ва 79-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ фаромада, то ҳол тармаҳои дар километрҳои 67 ва 78-уми ин шоҳроҳ фаромада аз ҷониби кормандони ширкат бартаф карда шудааст.

“Мутаассифона, чанд дақиқа пеш дар километри ва 73 ва 79-ум тармаҳои навбатӣ фаромаданд. Ҳоло бартарафсозии ин тармаҳо босуръат идома дорад”,-навиштааст ширкати IRS.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine

16 часов назад

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

5 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

5 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

17 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ