Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 10:0704.03.2025
3 март дар натиҷаи тармафароӣ дар 68 км роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳафт нафар мусофирони ду мошинро, ки аз Хуҷанд ба Душанбе мерафтанд, аз зери барф берун овардаанд.
Ба навиштаи ин ниҳод, ба ҷабрдидагон ёрии аввалияи тиббӣ расонида шуда, онҳо ба минтақаи бехатар интиқол дода шудаанд. Ҳамаи онҳо аз бистарӣ шудан даст кашиданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвр то 6 март дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (62-74км) ва дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари тармафароӣ боқӣ мемонад.
Аз ин рӯ, Кумита хоҳиш кардааст, ки аз сафар ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ кунанд, ҳушёр ва эҳтиеткор бошанд.
View this post on Instagram
Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар минтақаи кӯҳӣ е дар қитъаҳои хатарноки роҳҳои автомобилгард бояд фосилаи муқаррарнамудаи ҳаракатро байни мошинҳо қатъиян риоя кунанд, менависад манбаъ.
КҲФ мегӯяд, дар ҳолати рӯбарӯ ё шоҳиди чунин ҳодисаҳо шудан, ба хадамоти наҷот ба рақамҳои: 223 13 11; 221 91 19 ё 93 880 28 19 занг занед.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
19 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад