logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

Муруре ба рӯзгори устод Шакурӣ ба муносибати мавлудаш.

Зармеҳри Раҳмат

12:0030.10.2026

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

Академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ аз он гуна чеҳраҳои нодирест, ки ном ва осораш бо фарҳанг ва таърихи муосири тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад. Имсол ин донишманди тавоно, забоншинос ва муҳофизи арзишҳои миллӣ агар зинда мебуд, 100 ё ба гуфтаи худаш 101-солагии худро пешвоз мегирифт.

Дар ин чеҳракушоӣ мо талош мекунем, ки чеҳраи воқеӣ, ҷонфидоиҳо ва мероси гаронбаҳои ин устоди бузургро аз забони пайравонаш бозгуӣ кунем ва нафаси гарми ӯро дубора дар хотири таърих зинда созем.

Мухтасари ҳасби ҳоли Шакурӣ

Муҳаммадҷон Шакурӣ дар шаҳри Бухоро, дар хонаводаи нависанда ва қозии маъруф Шарифҷон Махдуми Садри Зиё ба дунё омадааст. Дар мавриди рӯзи таваллуд ду ривоят вуҷуд дорад: дар шиноснома 30-юми октябри соли 1926 сабт шудааст, вале худи устод Шакурӣ дар “Зиндагиномаи худнавишт” қайд кардааст, ки воқеан моҳи феврали соли 1925 ба дунё омадааст. Ба гуфтаи ӯ, зодсолаш 1926 замоне сабт шуд, ки комиссияи пизишкии мактаб синну соли талабаҳоро аз рӯи нишонаҳои зоҳирӣ муайян мекард.

Падараш соли 1932 дар зиндон ва модараш соли 1933 вафот карданд ва ӯ дар кӯдакӣ ятим монд. Соли 1939 ба Душанбе омада, соли 1945 Донишкадаи омӯзгориро хатм кард ва соли 1971 рисолаи докториро дифоъ намуд.

Садрӣ Зиё бо писари худрсолаш Муҳаммаҷон Шакурӣ
Садрӣ Зиё бо писари худрсолаш Муҳаммаҷон Шакурӣ

Устод Шакурӣ ҳудуди 60 сол дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ кор карда, шуъбаи адабиёти шӯравии тоҷикро роҳбарӣ намуд. Ӯ соли 1987 академики АИ Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ гардида, рӯзи 16-уми сентябри соли 2012 дар Душанбе даргузашт.

Мавсуф яке аз муаллифони асосии Қонуни забони тоҷикӣ дар соли 1989 ва муаллифи китобҳои зиёде дар хусуси таърихи садаи охир, адабиётшиносӣ ва забони муосири мо аст. Ӯ муҳимтарин пажӯҳишгари осори Садриддин Айнӣ ба шумор рафта, дар даврони истиқлол бештари таваҷҷӯҳи худро ба масоили худшиносии миллӣ бахшид.

Мо бо се тан аз пайравони мактаби Шакурӣ - академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, профессор Шодимуҳаммад Сӯфизода ва адабиётшиносу мунаққиди маъруф Абдураҳмон Абдуманнонов дар бораи муҳимтарин корномаи Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ гуфтугӯ кардем.

Аз рисолаи радшудаву пуштибонии Бобоҷон Ғафуров

Роҳи Шакурӣ ба илм бо садди сунъӣ оғоз ёфт. Абдуҷаббор Раҳмонзода ба мо гуфт, ки рисолаи номзадии ӯ дар бораи шоири бухороӣ Сиддиқии Аҷзӣ соли 1952 аз шӯрои илмӣ бозгардонда шуд. Ба гуфтаи ӯ, Абдулғанӣ Мирзоев Аҷзиро ба гурӯҳи ҷадидон ва миллатчиёни буржуазӣ нисбат дод ва ҳамин пешниҳод боиси рад шудани кор гардид.

Аммо, ба гуфтаи Раҳмонзода, дар он замон котиби якуми Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров нагузошт, ки ҳам муаллифи рисола ва ҳам роҳбари илмии ӯ Холиқ Мирзозода ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ба онҳо иҷозат доданд, ки корҳои илмиашонро идома диҳанд.

Шакурӣ мавзӯи навро интихоб кард: хусусиятҳои ғоявиву бадеии “Ёддоштҳо”-и Садриддин Айнӣ. Раҳмонзода мегӯяд, соли 1958 ӯ ин рисоларо дар Маскав бо раҳнамоии профессор Иосиф Брагинский дифоъ кард. Аз ҳамин давра муҳаббати Шакурӣ ба Айнӣ боз ҳам афзуд.

Устод Айнӣ дар маркази таҳқиқи Шакурӣ

Абдураҳмон Абдуманнонов ба мо гуфт, ки фаъолияти ҷиддии адабиётшиносии Шакурӣ маҳз аз таҳқиқи “Ёддоштҳо” оғоз шуд. Ба гуфтаи ӯ, баъдан Шакурӣ дар бораи ҳар чизе, ки менавишт - адабиёти шӯравии тоҷик, забон ва адабиёт, худшиносӣ ва ҳар чизе дигар, дар маҷмӯъ “Ёддоштҳо” ва Айнӣ дар таҳқиқоти ӯ ҳатман ҳузур доштанд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода рисолаҳои Шакуриро дар ин самт номбар кард: Соли 1978, ба муносибати садсолагии Айнӣ, китоби “Садриддин Айнӣ” нашр шуд, ки аз тарҷумаи ҳол сар карда, тамоми фаъолияти адабӣ, илмӣ ва мактаби адабии устод Айниро таҳлил мекунад. Сипас соли 1986 китоби “Насри реалистӣ ва таҳаввули шуури эстетикӣ” баромад ва боби якуми қисми аввали он, ки беш аз 200 саҳифа дорад, ба тарҷумаи ҳол ва фаъолияти эҷодии Айнӣ бахшида шудааст. Дертар китобҳои солҳои 2000 ва 2006 илова шуданд.

Раҳмонзода таъкид кард, ки Шакурӣ дар асарҳои охираш ба корҳои илмии устод Айнӣ аз диди нав баҳо дод ва онҳоро аз беҳтарин таҳқиқот дар илми тоҷик шумурд. Ба гуфтаи ӯ, хидмати Шакурӣ дар шиносондани шахсияти Айнӣ “хеле бузург ва бемисл” аст.

Абдуманнонов ҳам бар ин бовар аст, ки китоби “Садриддин Айнӣ” аз муҳимтарин таҳқиқотҳои айнишиносӣ ба шумор меравад ва он ҳам ба хатти форсӣ ва ҳам ба хатти сирилик чоп шуда, натанҳо дар тоҷикистон, ҳатто дар Афғонистону Эрон ҳам ҷойгоҳи махсус пайдо кард.

Ин мунаққиди шинохта бо афсӯс ёдовар шуд, ки имрӯз дар матбуот ва фазои маҷозӣ Шакуриро “сардори айниситезон” меноманд, ки аслан буҳтон ва ҳарфе бемадрак аст.

Абдураҳмон Абдуманнонов. Акс аз муаллиф
Абдураҳмон Абдуманнонов. Акс аз муаллиф

Шакурии мунаққиди насри муосир

Абдуҷаббор Раҳмонзода гуфт, Шакурӣ аз ҳамон солҳо, ки дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт мудири шуъбаи адабиёти шӯравии тоҷик буд, ба осору эҷодиёти адибони муосир таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекард. Ӯ дар таҳияи “Очерки таърихи адабиёти шуравии тоҷик” ширкат кард ва дар баҳси солҳои 50 дар бораи даврабандии ин адабиёт андешаи худро баён намуд. Баъдан ба қалами ӯ ҷилди чоруми “Таърихи адабиёти шӯравии тоҷик. Инкишофи жанрҳо” тааллуқ дорад, ки насри солҳои 1945–1975-ро ба риштаи таҳқиқ мекашад.

Профессор Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшиноси дигар номвар ҳам, ки соли 2012 дар бораи Шакурӣ тақриз навишта, ёдовар шудааст, ки ӯ тамоми умрашро асосан сарфи таҳқиқи равандҳои адабии муосир, хосса насри он карда буд ва як силсила асарҳои арзишманде офарид, ки ҳар кадомаш дар илми тоҷик саҳифаи тозае мебошад.

Шодимуҳаммад Сӯфизода ба мо гуфт, ки Шакурӣ дар шароити ҳукмронии меъёрҳои идеологии адабиётшиносии шӯравӣ ба ҳунари нависанда, вижагиҳои жанру услуб ва решаҳои миллии насри муосир таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кард. Дар китоби “Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ” Шакурӣ менависад: “Ҳар санъаткори ҳақиқӣ нисбат ба воқеият назари хосе дорад”.

Сӯфизода ин андешаро чунин шарҳ дод: воқеият ба асари бадеӣ ҳамон тавре ки ҳаст, ворид намешавад. Нависанда бо интихоби воқеаҳо, забон ва тарзи нақл ба он шакли бадеӣ мебахшад. Ба ҳамин сабаб Шакурӣ дар осори Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода ва дигар адибон роҳҳои хоси сохтани ҷаҳони бадеиро таҳқиқ мекард.

Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Сотим Улуғзода
Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Сотим Улуғзода

Ҷойгоҳи “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад”

Китоби “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад” соли 1964 дар маҷаллаи “Шарқи сурх” (имрӯз “Садои Шарқ”) ва соли 1968 ба шакли китоб нашр шуд. Чопи дувумаш соли 1986 ва севумаш соли 2005 (400 саҳифа) сурат гирифт. Сатторзода менависад, ки Шакурӣ дар ин китоб ба “масъалаҳои амалӣ ва корбасти ҳаррӯзаи” забони тоҷикӣ пардохта буд.

Абдураҳмон Абдуманнонов ба мо гуфт, ки то ин авохир ин китоб рӯимизии бештаре аз нависандагону хабарнигорон ба шумор мерафт. Ба гуфтаи ӯ, китоб забони матбуот ва забони адабии моро хеле рангу орои дигар бахшид ва бисёр саҳву хатоҳоеро, ки на танҳо хабарнигорон, балки олимон, адабиётшиносон ва забоншиносон дар навиштори худ роҳ медоданд, ислоҳ кард.

Абдуманнонов, ки солҳо дар канори устод Шакурӣ дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт кор кардааст, дар идома чунин ёдовар шуд: ҳар бор ба ҳуҷраи устод медаромад, рӯйи миз варақаҳое буд, ки дар онҳо иқтибосҳо аз осори бадеӣ, илмӣ ва матбуот сабт шуда буданд. Шакурӣ ҳам ибораҳои зебову тоза ва ҳам ҷумлаҳои носуфтаву мантиқан харобро қайд мекард.

Сӯфизода ҳам таъкид кард, ки барои ӯ зарофати вожа, табиӣ будани ибора ва мантиқи ҷумла меъёрҳое буданд, ки дар кор бо забон ба онҳо аҳамияти ҷиддӣ медод.

Муҳаммадҷон Шакурӣ бо ҳамсараш
Муҳаммадҷон Шакурӣ бо ҳамсараш

Нақши Шакурӣ дар қабули Қонуни забони тоҷикӣ

Абдуҷаббор Раҳмонзода гуфт, ки Шакурӣ аз солҳои 80-ум ба масъалаи забон бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекард. Аввалин мақолаи ӯ дар ин мавзӯъ рӯзи 25-уми ноябри соли 1988 дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” нашр шуд. Баъд аз он, соли 1989, Шӯрои олии Тоҷикистон комиссияи давлатӣ таъсис дод ва рӯзи 22-юми июли ҳамон сол қонуни забони давлатӣ қабул гардид.

“Хидмати Муҳаммадҷон Шакурӣ дар гирифтани мақоми давлатии забони тоҷикӣ ниҳоят бузург аст”, - гуфт Раҳмонзода.

Абдураҳмон Абдуманнонов гуфт, ки Муҳаммадҷон Шакурӣ аз олимони мо ягона касе буд, ки на танҳо дар матбуоти Тоҷикистон, балки дар матбуоти шӯравӣ, дар Маскав ҳам, барои гирифтани мақоми давлатии забони тоҷикӣ аз ҳама бештар кор кард.

Абдунабӣ Сатторзода менависад, ки Шакурӣ ифтихори муаллифии пешнависи Қонуни забонро дорад. Ӯ аз соли 1989 то 2000 раиси Кумитаи истилоҳоти Академияи илмҳо буд ва дар кори баррасии усули илмии истилоҳоти миллӣ, ки дар садаи бист хеле хароб шуда буд, ширкат дошт.

Абдуҷаббор Раҳмонзода. Акс аз муаллиф
Абдуҷаббор Раҳмонзода. Акс аз муаллиф

Худогоҳии миллии Шакурӣ

Абдунабӣ Сатторзода менависад, ки Шакурӣ дар 21 соли даврони истиқлол 14 асар дар мавзӯъҳои доғи ҷомеа таълиф кардааст: худшиносиву худогоҳии иҷтимоию маънавӣ, ҳувияти миллӣ, давлатдории миллӣ, вазъи забон, адабиёт, фарҳанг ва мактабу маорифи миллӣ. Ангезаи ӯ ҷанги дохилӣ буд, ки, ба қавли худи Шакурӣ, миллатро ба сӯи худкушӣ мебурд. Дар ҷомеа “шуури музофотӣ қувват мегирад”, - навиштааст Шакурӣ.

Шодимуҳаммад Сӯфизода мисоли китоби “Хуросон аст ин ҷо”-ро овард. Шакурӣ онро дар солҳои 1992–1995 навишт ва ҷанги дохилиро “талоши бародаркушӣ” номид. Мақсад, ба гуфтаи ӯ, ин буд, ки “дар айни саргармии талошҳо миллатро ба худ оварем”. Сӯфизода гуфт, Хуросон барои Шакурӣ танҳо номи сарзамини таърихӣ набуд, балки рамзи хотираи муштараки фарҳангӣ ва пайванди таърихии тоҷикон буд. Ӯ барои ифодаи ин нигоҳ мафҳуми “поетикаи пайвастагии фарҳангӣ”-ро пешниҳод мекунад: мерос замоне зинда аст, ки хонда шавад, пурсиш барангезад ва ба андешаи наслҳои баъдӣ таъсир расонад.

Абдуманнонов ба мо гуфт, ки дар 15–20 соли охири умр Шакурӣ ба фалсафаи адабиёт, забон ва таърих бештар рӯ овард. Ба гуфтаи ӯ, дар китобҳои “Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон” ва дигар асарҳояш масъалаи Бухоро ва “инқилоби фикрӣ” матраҳ шудааст.

Абдунабӣ Сатторзода. Акс аз муаллиф
Абдунабӣ Сатторзода. Акс аз муаллиф

Сатторзода дар бораи “Фитнаи инқилоб дар Бухоро” менависад, ки Шакурӣ бо такя ба навиштаҳои устод Айнӣ ва маводи бойгониҳо ба чунин хулоса омад: ҷунбиши ҷадидони Бухоро то соли 1917 маорифпарварӣ буд ва онро бояд “инқилоби фарҳангӣ” номид. Ба ақидаи Шакурӣ, он чи соли 1920 рӯй дод, инқилоби иҷтимоӣ набуд, балки истилои болшевикӣ буд. Бо вуҷуди ин, ӯ суди онро низ эътироф мекард: Артиши сурх дар кӯҳистони Бухорои Шарқӣ баъзе сардорони қабилаҳои туркро саркӯб карда, мардуми бумиро аз тааррузи онҳо раҳо бахшид. Вале, ба навиштаи Шакурӣ, ин суд “бештар суди моддӣ буд, зиён ҳама маънавӣ”.

Сатторзода таъкид дорад, ки чунин нигоҳ мухолифон низ дошт: ба Шакурӣ ҳамла мекарданд ва ӯро ба тағйири ном, мадҳи ҷадидон ва маҳалгароӣ айбдор менамуданд.

Шакурии олим ва инсон

Шодимуҳаммад Сӯфизода. Акс аз муаллиф
Шодимуҳаммад Сӯфизода. Акс аз муаллиф

Шодимуҳаммад Сӯфизода яке аз муҳимтарин хусусиятҳои Шакуриро муносибати интиқодии ӯ ба кори худ меномад. Шакурӣ дар сарсухани нашри дувуми “Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ” ошкоро навишта буд, ки рисола дар сатҳи адабиётшиносии солҳои 60 таълиф шуда, худи ӯ дар масъалаҳои назарӣ ҳанӯз таҷрибаи кофӣ надошт ва маҳдудиятҳои назарияи шӯравӣ ба он таъсир гузоштаанд.

Бо вуҷуди ин, дар нашри дувум Шакурӣ вежагиҳои таърихии матнро нигоҳ дошт ва рисолаи солҳои 60-ро ба асаре табдил надод, ки гӯё дар шароити дигар навишта шудааст. Сӯфизода ин равишро ҳам эҳтиром ба ҳақиқати таърихӣ ва ҳам нишонаи масъулияти илмӣ меномад.

Сатторзода Шакуриро “донанда, балки доранда ва намояндаи фарҳанги миллӣ” меномад. Ба навиштаи ӯ, дари коргоҳу манзили Шакурӣ ба рӯйи шогирдону ихлосмандон ҳамеша боз буд ва ӯ ҳамаро бо меҳрубонӣ мепазируфт, бо онҳо суҳбат мекард ва маслиҳат медод.

Сатторзода ёдовар мешавад, ки Шакурӣ соли 2005 дар рӯйи муқоваи дарунии китоби “Садри Бухоро” ба унвони ӯ навишта буд: “афсӯс ки наврӯзии ман шаммае аз дардҳои фарҳанги мардуми тоҷик аст”.

Ба ҷойи хулоса...

Абдунабӣ Сатторзода дар тақризи соли 2012 навишта буд, ки пас аз Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров нафаре аз донишмандони мо ба илми муосир ва миллати тоҷик ба андозаи Шакурӣ хидмат накардааст.

Ба навиштаи ӯ, дигар касе нест, ки мисли Шакурӣ аз сарнавишти талхи миллати тоҷик огоҳ бошад ва онро мардонавор бозгӯ кунад.

Сатторзода бовар дорад, ки номи азизи Шакурӣ ва осори гаронбаҳояш то он гоҳ, ки миллати тоҷик ҳаст, зинда боқӣ мемонад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

3 дня назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

3 дня назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

6 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

7 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

9 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ