logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Муҳоҷирони тоҷик дар соли 2024 ба ватан 5,8 миллиард доллар фиристодаанд

Ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон дар соли 2023-юм 4,6 миллиард долларро ташкил дода, ба 39 дарсади ММД ва дар соли 2024 ба 45 дарсади ММД баробар шудааст.

Your tj

11:3613.05.2025

Муҳоҷирони тоҷик дар соли 2024 ба ватан 5,8 миллиард доллар фиристодаанд

Муҳоҷирони тоҷик дар соли 2024 ба Тоҷикистон 5,8 миллиард доллари амрикоӣ маблағ фиристодаанд. Ин рақам нисбат ба соли як соли пеш аз он 27 дарсад (беш аз 1,5 миллиард доллар) зиёд мебошад, хабар медиҳад Созмони ҷаҳонии муҳоҷират (СҶМ).

Ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон дар соли 2023-юм 4,6 миллиард долларро ташкил дода, ба 39 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар будааст. Маблағҳои интиқолшуда дар соли 2024 ба 45 дарсади ММД баробар шудаанд.

Гузориши СҶМ, ки зери унвони “Гузориш оид ба вазъи муҳоҷират. Июл-декабри соли 2024” рӯзи 6-уми май нашр шуд, бар асоси маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ ва манбаъҳои расмии Русия таҳия гардидааст.

Ҳарчанд гузориш шаш моҳи охири соли гузаштаро фаро мегирад, вале бархе оморҳо солона пешниҳод шудаанд.

Тибқи иттилои дар ин гузориш овардашуда, 15 миллион доллар аз маблағҳои интиқолшудаи муҳоҷирони тоҷик аз Қазоқистон фиристода шудааст. Дар бораи ҳаҷми умумии пулҳои интиқолшуда аз Русия, ки макони асосии фаъолияти муҳоҷирони тоҷик ба ҳисоб меравад, дар гузориш рақамҳои мушаххас зикр нашудааст.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои вобастабуда ба пули муҳоҷирон дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

20 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ