Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:1428.04.2025
Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Москва қаҳрамонона сӯхтори як мошини сабукравро хомӯш кардааст. Дар ин бора намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар дод.
Ҳодиса 24-уми апрел рух додааст. Шаҳрванди Тоҷикистон Отабек Мадраҳимов, корманди хоҷагии коммуналии "Хорошёво Мневники" дар яке аз шоҳроҳҳо шоҳиди оташ гирифтани нақлиёти сабукрав мешавад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
"Бо гумони он, ки эҳтимол дар дохили мошин одамон бошанд, ӯ новобаста ба хатари таркиш, далерона вориди амал шуда, оташро фурӯ нишондааст",- менависад манбаъ.
Дар суҳбати телефонӣ бо ӯ гуфтааст, қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо овард.
"Гумон кардам, ки дар дохили нақлиёт касе ҳаст. Мо тоҷикон ҳамеша дар ҳолатҳои ногувор ба ҳама дасти ёрӣ дароз мекунем".- таъкид намудааст Отабек.
Намояндагӣ аз ҷасорату фидокории Отабек Мадраҳимов изҳори сипос намуда, рафтори ӯро намунаи ибрат арзёбӣ кардааст.
Се моҳ пеш як зодаи дигари Тоҷикистон Бахтиёр Исмоилов, дар вилояти Москва духтараки 11-моҳаро, ки дар роҳ бе либоси зимистона танҳо монда буд, наҷот дод. Бахтиёр дар як ширкати интиқоли ғизои тайёр кор мекард ва ҳангоми аз кор баргаштан дар роҳ кӯдакро мебинад.
Ба гуфтаи Исмоилов, ӯ таваққуф кард, духтарро ба мошин даровард, ба матоъ печонид, ба ёрии таъҷилӣ ва полис занг зад.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
34 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад