Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:4820.11.2024
Муҳлати ҳабси чор шаҳрванди Тоҷикистон - гумонбарони асосӣ дар парвандаи амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” бо қарори Суди Басманнийи шаҳри Москва се моҳ дароз карда шуд.
Дар он гуфта шудааст, ки нисбати Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов чораи пешгирии қаблӣ дар шакли таҳти ҳабс қарор доштан то 22 феврали соли 2025 дароз карда шавад, менависад хабаргузории ТАСС.
Ин бори аввал нест, ки муҳлати гумонбарони амали террористӣ дар “Крокус” тамдид мешавад.
Суди Басманнийи Москва рӯзи 16 август муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари дигари ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Холл”-ро дубора барои 3 моҳ – то 22-юми ноябри соли равон дароз карда буд.
Ёдовар мешавем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл”-и вилояти Москва шоми рӯзи 22 март рух дода, бар асари он 145 нафар кушта шуда, зиёда аз 550 кас захм бардошта буд.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
19 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад