logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Муҳаммадюсуф Имомзода аз вазифаи вазири маориф барканор шуд

Имомзодаро дар ин вазифа Саидзода Раҳимҷон Ҳамро ректории филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии Маскав дар Душанбе.

Your tj

12:1921.02.2022

Муҳаммадюсуф Имомзода аз вазифаи вазири маориф барканор шуд

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистонро аз мақомаш барканор карданд, дар ин бора ба Your.tj як манбаъ аз вазоратb маориф хабар дод.

Ҳамчунин "Азия-Плюс"  низ бо такя ба мабаи худ дар ҳукумати Тоҷикистон менависад, ки, фармони барканории Имомзода, субҳи имрӯз аз сӯйи раисҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расидааст. Аммо дар ин бора дар сомонаи президент то ҳол иттилоъе нашр нашудааст.

Аз табрикоти истифодабарандагони шабакаҳои  иҷтимоӣ бар меояд, ки ба ҷои Имомзода, Саидзода Раҳимҷон Ҳамро ректори филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии Маскав дар Душанбе вазири нави маорф таъин шудааст.

Акс аз бойгонии шахсии Саидзода Раҳимҷон Ҳамро

Барканории Имомзодаро аз мақоми вазири маориф пас аз интиқоди шадид президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми рӯзи 21-уми декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олӣ ҳадс мезаданд.

Президент дар паём, низоми таҳсил дар кишвар ва сатҳи забономӯзиро сахт танқид карда буд.

Муҳаммадюсуф Имомзода, дар нишасти матбуотии рӯзи 3 феврал интиқодҳои Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба сифати таҳсил дар ҷумҳурӣ қаблу  кардаву гуфта буд, ки он эродҳои ҷиддие, ки аз ҷониби президент гирифта шуданд, воқеиву дурустанд ва онҳо аз пайи ислоҳаш ҳастанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

20 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ