Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 10:3720.01.2025
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон як наворро дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳқиқ кардааст, ки дар он дида мешавад, як зан бо кӯдаки ноболиғаш аз ҷониби ду зани дигар мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифтааст.
Гуфта мешавад, Савсанбии Ҷиёнхони 30-сола, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин моҳи декабри соли 2023 бо сабаби рашк Кибриёи Забир, як зани 34-солаи сокини муваққатии шаҳри Кӯлобро ҳамроҳи кӯдаки ноболиғаш ба хонааш даъват намуда, занро латукӯб ва кӯдакашро бо тасма задааст.
Садбарг Валиеваи 57-сола – модари Савсанбӣ Кибриёи Забирро мавриди бозпурсӣ ва сипас латукӯби бераҳмона қарор дода, онро ба навор гирифта, ва аз мӯи сари ҷабрдида ба ҳар тараф кашола карда, ӯро мавриди озору азият ва шиканҷаи шадид қарор додааст.
Ба ин қонеъ нашуда, писарбачаи ноболиғи ҷабрдидаро, ки ҳамагӣ 3 сол дошт бо тасмаи резинӣ ва бо бераҳмии махсус якчанд маротиба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Манбаъ меафзояд, Савсанбии Ҷиёнхон телефони мобилии тамғаи Самсунги ҷабрдидаро бо як ҷуфт гӯшвори нуқрагинаш зада шикаста, корношоям кардааст.
Нисбати гумонбар Савсанбии Ҷиёнхон тибқи моддаи 117 қисми 2 бандҳои «а, в» Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Инчунин, ба рафтори модари дастгиршуда ва дигар иштирокчиёни ҳодиса, ки дар муноқиша иштирок доштанд, баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад.
Читайте также
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
4 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
5 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
17 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
20 дня назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 дня назад