Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
"Мо наметавонем иштироки Тоҷикистонро дар тамринҳо рад кунем". Шарҳи муовини сарвазири Қирғизистон оид ба бекор кардани тамринҳои СААД
Дата публикации: 15:3612.10.2022
Эдил Байсалов, муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон сабаби бекор кардани тамринҳои СААД – “Бародарии шикастнопазир – 2022” дар кишвараш ва худдорӣ аз иштирок дар тамринҳои “Сарҳад-2022” дар Тоҷикистонро мухолифати афкори ҷамъиятӣ ба ин тамринҳо унвон кардааст. Дар ин бора ӯ ба РИА Новости иброз намудааст.
“Мо узвияти комилан шикастнопазири СААД-ро дорем, мо бо ин созмон, бо мандат, бо рисолат ва оинномаи он ягон мушкил надорем. Аммо, албатта, бо назардошти рӯйдодҳои ахир, ҳоло аламҳо тоза аст", - гуфтааст ӯ ба хабарнигори РИА дар Маркази сиёсати амниятӣ дар Женева ва мушаххас кардаст, ки сухан дар бораи даргириҳои низомӣ бо "ҳамсояи тоҷик"-аш меравад. "Вазъият тавре шакл гирифтааст, ки афкори ҷамъиятии Қирғизистон аз ҳузури ҷузъу томҳои мусаллаҳи ҳамсояи тоҷики мо дар ин машқҳо истиқбол нахоҳад кард", - афзудааст Байсалов.
Қаблан мақомоти Қирғизистон аз бекор кардани тамринҳои СААД - “Бародарии шикастнопазир – 2022” дар кишварашон ва худдорӣ аз иштирок дар тамринҳои “Сарҳад-2022” дар Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, аммо дақиқан сабабашро шарҳ надода буданд.
Ҳамакнун, ин аввалин мансабдори воломақоми Қирғизистон аст, ки расман сабаби катъи тамрин ва худдорӣ аз иштирок дар тамринҳои Тоҷикистонро шарҳ медиҳад.
"Вале ба онҳо (Тоҷикистон) намешавад гӯем, ки "шумо намеоед, аммо қазоқҳо, русҳо ва белорусҳо биёед”. Ин тавр намешавад, мо маҷбур шудем, иштирокро лағв кунем ва дар тамоми пойтахтҳои давлатҳои аъзои СААД мутлақо ин тасмими моро дарк мекунанд. Аммо мо аз он нигаронем, ки ин тасмими мо нодуруст шарҳ дода мешавад ва тахминҳо дар ин бора комилан бемасъулиятона аст”, - хулоса кардааст Эдил Байсалов.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи мушаххассозии хати сарҳад миёни ду кишвар баҳсҳои шадид доранд ва баъзан ин баҳсҳо боиси сар задани муноқиша дар сарҳад низ мешавад. Охирин муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳади ин ду кишвар 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ рух дод, ки дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо каси дигар захмӣ шуданд.
Пас аз имзои созиши ду ҷониб барои ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад ва ҳалли мусолиҳатомези баҳсҳои ҷойдошта, мансабдорони Қирғизистон ба истифодаи суханҳои иғвоангез нисбати Тоҷикистон идома медиҳанд, ки чандин маротиба боиси нигаронии ҷониби Тоҷикистон шуд.
388 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
36 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад