Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 10:2128.03.2025
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз волидайн ва шахсони онҳоро ивазкунанда даъват кард, ки дар рӯзи Иди Рамазон кӯдаконро беназорат нагузоранд.
Ба иттилои милитсия, ҳар сол дар рӯзҳои ид, "бахусус Иди Рамазон ва Иди Қурбон", бинобар беназоратии кӯдакон садамаҳои нақлиётӣ, бедаракшавии ноболиғон ва дигар қонуншиканиҳо бо иштироки наврасон ба қайд гирифта мешаванд.
Барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш, милитсия аз волидайн хоҳиш намудааст, ки кӯдаконро дуру дароз беназорат нагузоранд ва шабгардию оворагардии онҳоро пешгирӣ намоянд.
Ҳамзамон, таъкид шудааст, ки дар ҳолати вайрон кардани қонун аз ҷониби кӯдакон, нисбат ба волидайн чораҳои дахлдори ҳуқуқӣ андешида хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта тибқи тағйиру иловаҳои нав ба Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар як ҷаласаи парлумони кишвар қабул гардид, “идгардак” барои кӯдакон манъ карда шуд.
216 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
4 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
5 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
17 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
20 дня назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 дня назад