logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Миёни Душанбе ва Пекин хатсайри мустақим оғоз шуд

Парвозҳои минбаъда бо ҳавопаймои Boeing 737-8 ду маротиба дар як ҳафта, рӯзҳои сешанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд.

Your tj

16:4717.06.2025

Миёни Душанбе ва Пекин хатсайри мустақим оғоз шуд

China Southern Airlines рӯзи душанбеи 16 июн аввалин парвози мустақим миёни Душанбе ва Пекинро анҷом дод, менависад China Daily.

Аввалин хатсайри CZ6051, ки бо 173 мусофир, соати 12:00 аз фурудгоҳи байналмилалии Пекин “Дасин” парвоз кард, ҳамон рӯз дертар дар Душанбе фуруд омад.

Барои парвози аввал Boeing 787 истифода шуд. Парвозҳои минбаъда бо ҳавопаймои Boeing 737-8 ду маротиба дар як ҳафта, рӯзи сешанбе ва шанбе иҷро мешаванд.

Ҳавопаймо аз Пекин соати 17:00 парвоз карда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ дар Душанбе фуруд меояд. Муддати парвоз тақрибан ҳафт соат аст.

Парвоз ба самти баръакс соати 22:30 аз Душанбе оғоз ёфта, соати 07:20 субҳ ба Пекин мерасад.

Пештар мусофирон барои сафар байни ду шаҳр маҷбур буданд, ки дар Урмуҷи, минтақаи худмухтори Синзян-Уйғур таваққуф кунанд, ки вақти умумии сафарро бештар аз 11 соат зиёд мекард.

“Ин роҳи нави ҳавоӣ пайванди муносибтар ва бароҳаттар байни Чин ва Тоҷикистонро фароҳам меорад, робитаҳои тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва фарҳангиро таҳким мебахшад ва ҳамкории минтақавиро рушд медиҳад”,- гуфт Сюй Гуантсзи, муовини мудири генералии China Southern Airlines.

Сафири Тоҷикистон дар Чин Зоир Саидзода бо ин назар мувофиқ буда, қайд кард, ки иртиботи мустақим тиҷоратро суръат мебахшад, сармоягузориҳоро ҷалб мекунад ва робитаҳои тиҷоратиро дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” мустаҳкам месозад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

33 минут назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

21 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ