Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 17:1330.07.2025
Ҷомӣ Умаров мушовири Директори генералии "Шабакаҳои тақсимоти барқ" сабабҳои асосии аз барқ қарздор шудани сокинонро изофанависӣ ва хатои техникӣ ном бурд.
"Мутаассифона то ин вақт ҳисоб дастӣ буд, ки аксар вақт бо сабаби хунукназарӣ ва камбудии нозирони барқ, дар асл нишондодҳои аслие, ки дар ҳисобкунаки барқӣ ҳаст, яъне масрафи аслии моҳонаи муштариён ба изофанависӣ роҳ дода шудааст", - зикр кард Умаров ва гуфт як қисми қарзҳо аз ин ҳисоб аст.
Ба гуфтаи ӯ ин нишондод, нишондодест, ки муштарӣ масраф накардааст.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Сабаби дигарро ин масъул дар хатоҳои техникии системаи биллингӣ рабт дод, ки қаблан вуҷуд дошт.
"Вобаста ба таҳлилу баррасӣ ва ислоҳ намудани қарзҳое, ки беасос бошад, коммисия ташкил карда шудааст. Агар дар ҳақиқат қарз аз ҳисоби хатои техникӣ ё назоратчӣ, аз ҳисоби беаҳамиятӣ ё бемасъулиятӣ дар суратҳисоби муштарӣ ворид шудаанд, ислоҳ мешавад", - гуфт Умаров.
Агар сокинон ҳангоми омадани паёмак аз он норозигӣ дошта бошанд, метавонанд ба шабакаҳои барқи ноҳиявӣ, филиалҳои минтақавӣ ё дастгоҳи марказии "Шабакаҳои тақсимоти барқ" муроҷиат кунанд.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад