logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

Чӣ гуна ятиме адиби эътирофшуда гашт?

Зармеҳри Раҳмат

10:2511.11.2026

Эмомалӣ Раҳмон ба Марямбонуи Фарғонӣ унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон дод. Акс аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба Марямбонуи Фарғонӣ унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон дод. Акс аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Марямбонуи Фарғонӣ - нахустин ва ягона зане, ки соҳиби унвони баланди Нависандаи халқии Тоҷикистон гаштааст, имрӯз 70-сола мешавад. Ба ин муносибат мо пайроҳаи пурдарду пурмоҷарои қаламкашеро, ки дар миёни сахтиҳои рӯзгор ба қуллаи таърихии адабиёти муосири тоҷик расид, бо такя ба гуфтаҳои худаш рӯйи сафҳа меорем: чӣ гуна ятиме қалам ба даст гирифту омӯзгориву рӯзноманигориву шоириву нависандагӣ кард, ки мавриди эътироф қарор гирифт?

Марямбонуи Фарғонӣ. Акс аз Маҳпора Киромова
Марямбонуи Фарғонӣ. Акс аз Маҳпора Киромова

Сароғози рӯзгори Марямбону

Марямбону рӯзи 11-уми ноябри соли 1956 дар деҳаи Ровони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон, дар хонаи бобои модариаш Мулло Ҷалоли Мӯсо ба дунё омад. Сӯх ноҳияи кӯҳии тоҷикнишин аст, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷазирақаламрави миёни рустоҳои Қирғизистон шуд. Кӯдакии нависанда дар Сӯху Риштон гузашт.

Нақши падарро дар хонавода бобо ва се тағояш иҷро мекарданд. Қуввати рӯҳро, ба гуфтаи худи ӯ, аз модар гирифт: зани қавиироду мардсифат, ки ба фарзандонаш ятимиро эҳсос накунонд. Бобо, хатмкардаи мадрасаи Хӯқанд, шабҳо гирди сандалӣ “Амир Ҳамза” ва ашъори Ҳофизу Бедилро бо оҳанги ҳазин мехонд, занони хонадон бошанд, дарз дӯхта, ба хондани ӯ гӯш медоданд.

“Аслан дар муҳити хонаводаи мо қариб ҳама китобхон буданд. Бибиам, ба фикри ман, чандон ба маънои он чӣ мешунавид, сарфаҳм намерафт, вале шояд дар таъсири оҳанги ҳазини қироати бобоям бошад, беист ашк марҷон мекард. Ман то ҳол намефаҳмам, ки чаро аз шунидани байти маъруфи Хоҷа “Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро, Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро” модаркалон бо нидои “вой-е!” ғубори зиндагиро бо оби дида мешуст...”, - гуфта буд Марямбону соли 2013 ба ҳафтаномаи “Рӯзгор”.

Ҷавониҳои Марямбонуи Фарғонӣ. Акс аз бойгонии нависанда
Ҷавониҳои Марямбонуи Фарғонӣ. Акс аз бойгонии нависанда

Аввалин қаламкашиҳои Марямбону

Таҳсилро дар мактаби миёнаи №11-и Сӯх гузаронд, ки дар ноҳия бо номи “Мактаби калон” маъруф буд: беш аз 2 ҳазор хонанда ва қариб 100 омӯзгор дошт. Омӯзгорони хотирмонаш – Аюбҷон Нишонов, Муҳаммадхон Обидҷонов ва Салоҳуддин Заҳваров ҳоло ҳам дар хобҳояш меоянд.

Мутолиа ӯро барвақт ба худ кашид. Марямбону мегӯяд, ки аз он қаламбадастон набуд, ки аз 6–8-солагӣ шеър мегӯянд, вале дар синфи 3–4 аз “Хрестоматия”-и хоҳари калониаш Мастура пораҳои наср мехонд ва баъд “Мактаби кӯҳна”-ю “Ятим”-и Садриддин Айнӣ ва “Субҳи ҷавонии мо”-и Сотим Улуғзодаро ба таври комил мутолиа кард. Дар синфҳои болоӣ аз тарафи комсомол масъули рӯзномаи девории “Адаб” ва рассоми рӯзномаи ҳаҷвии “Ҷайра” буд ва барои дуюмаш воқеаҳои хандаовари ҳамсинфони дарсгурезро латифа ё назм мекард.

Нахустин навиштаи чопшудааш иншои озод бо номи “Шаби боронӣ” буд. Муаллими адабиёташ Муҳаммадамин Саидбеков онро каме таҳрир карда, ҳамчун ҳикоя ба рӯзномаи ноҳиявии “Ҳаёти нав” (ҳоло “Садои Сӯх”) фиристод. Нависанда ин қадамро “чароғи раҳнамо” меномад: ҳамон муаллим ба ӯ хондани Айнӣ, Улуғзода ва Ҷалол Икромиро таъкид мекард.

Чун ҳамеша китоби тоҷикӣ ёфта наметавонист, Чехов, Мопассан, Тагор, Назим Ҳикмат ва Айтматовро ба забони ӯзбекӣ мехонд. Аз насри ӯзбек роману повестҳои Абдуллои Қодирӣ, Одил Ёқубов, Саид Аҳмад, Абдулла Қаҳҳор ва Ӯлмас Умарбековро дӯст медошт, аз шеър – Лоиқ Шералӣ ва Сергей Есенинро, аз наср – ҳикояҳои Василий Шукшинро.

Ҷавониҳои Марямбонуи Фарғонӣ. Акс аз бойгонии нависанда
Ҷавониҳои Марямбонуи Фарғонӣ. Акс аз бойгонии нависанда

Ташнагии адабиашро асосан маҷаллаи “Садои Шарқ” сероб мекард: аз саҳифаҳои он бо осори Фазлиддин Муҳаммадиев, Сорбон, Ӯрун Кӯҳзод, Ҷонибек Акобиров ва Абдурофеъ Рабиев шинос шуд ва ба пайравии онҳо қалам мекашид. Дар наврасӣ бо имзои Марям Эшонҷонова ду ҳикоя ва якчанд латифа, дар солҳои донишҷӯӣ се-чор ҳикоя чоп карда буд.

Ятимиву сарбории рӯзгори Марямбону

Маоямбонуи Фарғонӣ шаҳри мутамаддину бостонии тоҷикон - Самарқандро нахустин мактаби худшиносиаш мешуморад. Солҳои 1973–1977 дар факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил кард. Нияташ равшан буд: пас аз хатм ба Душанбе биёяд ва дар аспирантура таҳсилро идома диҳад.

Аммо “нақшаи мо дигару нақшаи боло дигар аст” (Фарзона). Модараш дар 42-солагӣ дар садамаи автомобилӣ даргузашт, Марямбону он вақт 19-сола ва донишҷӯ буд. Сарпарастии додару хоҳари ноболиғаш ба дӯши ӯ афтод. Ба Душанбе наомад: аз соли 1977 то 1984, зиёда аз ҳафт сол, дар мактаби зодгоҳаш забон ва адабиёти тоҷикӣ дарс гуфт, то ёдгориҳои модар донишҷӯи макотиби олӣ шуданд.

Дар ҳамин солҳо хабару мақола ва ҳикоя менавишт ва ба рӯзномаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” (ҳоло “Овози тоҷик”) мефиристод. Ба гуфтаи худи ӯ, Ҷонибек Қувноқов, мудири бахши адабиёт ва санъати он, дастгириаш мекард. Ин ҳамкорӣ ба он анҷомид, ки ӯро билохира ба кор даъват карданд.

Марямбонуи Фарғонӣ ва Сафар Абдуллоҳ. Акс аз бойгонии нависанда
Марямбонуи Фарғонӣ ва Сафар Абдуллоҳ. Акс аз бойгонии нависанда

Чиптае, ки қисматро иваз кард

Бо вуҷуди ин, Душанбе барои Марямбону орзуи чандинсола буд: китобҳои шоирону нависандагони тоҷикро мехонд, рӯзномаву маҷаллаҳоро пайгирӣ мекард ва фазои пойтахтро дар хаёл тасаввур менамуд. Вале роҳи ин шаҳр бо тасодуф кушода шуд.

Охири моҳи декабри соли 1984 ӯ ба Тошканд равон шуд. Дар фурӯдгоҳи Хӯқанд зиёда аз як шабонарӯз интизори ҳавои мусоид монд: хатсайр пай дар пай ба таъхир меафтод. Вақте хабари оғози қайди ҳуҷҷатҳо ба хатсайри Хӯқанд – Душанбе расид, чиптаашро иваз кард. Ният дошт чанд соате пойтахти орзуяшро, ки ҳеҷ гоҳ надида буд, тамошо кунад ва сипас ба Тошканд раҳсипор шавад.

Душанбе ӯро бо ҳавои софу офтобӣ пешвоз гирифт, вале меҳмонхонаҳо ҷой надоштанд. Яке аз ҳамшаҳриёнаш ӯро ба хонааш даъват кард. Он шаб ба меҳмонӣ чанд рӯзноманигори фарғонагии Душанбе омаданд ва маслиҳат доданд, ки дар пойтахт бимонад: муҳити адабии он барои қаламкаш мусоид аст. Тошканд аз хотир рафт.

“Мегӯянд, зери ҳар тасодуф зарурате ҳаст”, - гуфтааст Марямбону дар мусоҳибаи соли 2023 ба “Азия-Плюс” ва омадани худро ба Тоҷикистон ба ҳамин ҳикмат рабт додааст.

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ ва Марямбонуи Фарғонӣ. Акс аз бойгонии нависанда
Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ ва Марямбонуи Фарғонӣ. Акс аз бойгонии нависанда

Омӯзгоре, ки рӯзноманигор шуд

То охири соли 1989 ӯ методисти калони Маркази методии Вазорати маорифи Тоҷикистон (ҳоло Вазорати маориф ва илм) буд. Ҳамон сол рӯзномаи “Паёми Душанбе” таъсис ёфт ва барои ҷалби хабарнигорон озмун эълон кард. Марямбону ба ҳайси шореҳ ба кор омад. Нахустин шумораи рӯзнома рӯзи 1-уми январи соли 1990 интишор ёфт ва ҳанӯз аз ҳамон рӯз маҳбуби мардум гашт. Ӯ обрӯи онро пеш аз ҳама ба сармуҳаррираш Додохон Эгамзод, рӯзноманигор ва адиби саршинос, рабт медиҳад. Ҳамон Эгамзод 36 сол баъд бо ӯ дар як рӯз унвони Нависандаи халқии Тоҷикистонро гирифт.

Соли 1991 вай ба рӯзномаи нави парлумонии “Садои мардум” гузашт ва то соли 1994 дар он кор кард. сармуҳаррири нахустини рӯзнома Муродулло Шерализода, рӯзноманигор ва донишманди хуби даврон буд, ки ба президенти вақти кишвар Қаҳҳор Маҳкамов забони тоҷикӣ меомӯзонид.

Моҳи сентябри соли 1991 рӯзнома ӯро барои тарғиби обуна ба шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишини қисматҳои қирғизистонӣ ва ӯзбекистонии водии Фарғона фиристод. Аз ин сафар сафаргуфтаи муфассал ва очерки “Риштон” ба вуҷуд омад. Орзуи навиштани чизи шабеҳи рисолаи этнографӣ дар бораи Риштон бошад, ба қиссаи “Ҳадиси Риштон” (соли 2000) оварда расонд.

Аммо як нуқтаи сиёҳ дар он рӯзгор ин аст, ки чанд тан қаламкаши ин рӯзнома ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз кушта шудани Муродулло Шерализода дар аввали моҳи майи соли 1992 алайҳи ӯ сиёҳнависе чоп карданд ва сармуҳаррири аввалини “Садои мардум”-ро, ба гуфтаи Шариф Ҳамдампур, “як рӯз пеш аз маргаш куштанд”...

Аскар Ҳаким ва Марямбонуи Фарғонӣ. Акс аз бойгонии нависанда
Аскар Ҳаким ва Марямбонуи Фарғонӣ. Акс аз бойгонии нависанда

Солҳои ҷанг: таҳдидҳо, сиёҳномаҳо, ҷон дар кафи даст...

Марямбону мегӯяд, “аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хонадоне набуд, ки осоиш гум накарда бошад. Тару хушк баробар месӯхт. Бародар ба бародари худ бовар намекард. Бисере аз шиносҳоям, ҳамкоронам, ҳамсоягонам ба чор тарафи дунё рафтанд. Борҳо таҳдид шунидам, пушти дари хонаам мактубҳои сиёҳ мегузоштанд, ки аз Душанбе рав, вагарна оқибат надорӣ”.

“Фарзандонамро чанд моҳ ба Фарғона фиристодам, вале худам дар Душанбе мондам. Хешу табор ҷангам мекарданд, аммо ман ба худ мегуфтам: “Марямбону, дар рӯзи вазнинаш Тоҷикистонро тарк кунӣ, нону намаки ин диёр кӯрат мекунад!”, - ба ёд меорад қаҳрамони мо.

Дар редаксия раҳбарони нав омаданд ва тартиби кор дигар шуд, бинобар ин, ба маҷаллаи “Фирӯза” гузашт, ки моҳҳо маош намедод. Гоҳо аз хона то бинои “Шарқи Озод” пиёда меомад, зеро роҳпулие надошт.

Баъд Гулназар Келдӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, ӯро ба ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” даъват кард. Нашрия он замон моҳе як бор мебаромад, кормандонаш қариб пароканда шуда буданд ва Марямбону чанд муддат бо шоир танҳо рӯзнома мебаровард. Маоши моҳонаи ӯ, ба гуфтаи худаш, 9 сомонӣ буд.

Марямбонуи Фарғонӣ бо Раҳмат Назрӣ. Акс аз бойгонии нависанда
Марямбонуи Фарғонӣ бо Раҳмат Назрӣ. Акс аз бойгонии нависанда

Идомаи рӯзноманигорӣ дар радои эронӣ

Соли 1997 радиои эронии “Садои Хуросон” озмуни рӯзноманигори минтақавӣ эълон кард. Ӯ як хабар навишт, фиристод ва чанде баъд аз Машҳад занг заданд: ба кор қабул шудааст. Беш аз 7 сол аз саросари Тоҷикистон хабар медод, шарҳи матбуот менавишт ва барои телевизиони ҳамин расона гузоришҳои ӯзбекиро ба форсӣ тарҷума мекард. Пас аз таваллуди набераш дар хона монд, аммо чун дилаш танг шуд, то синни нафақа дар маҷаллаи “Фирӯза” ва ҳафтаномаи “Омӯзгор” кор кард.

Ҳамчун рӯзноманигор ва нависанда, ӯ борҳо дар бораи вазъи забон ва ҳувияти тоҷикони Ӯзбекистон, аз ҷумла зодгоҳаш Сӯх, ҳарф задааст. Мегӯяд, ки тоҷикони Ӯзбекистон қавми муҳоҷир нестанд, балки дар хоки аҷдодии худ зиндагӣ мекунанд. Ӯ талаб дорад, ки номи миллати аслӣ дар ҳуҷҷатҳои тоҷикони Ӯзбекистон дуруст сабт шавад ва кӯдакон дар боғчаву мактаб ба забони модарӣ таълим бигиранд.

Ба гуфтаи худи ӯ, дар Сӯх зиёда аз 80 ҳазор нафар зиндагӣ мекунад, қариб ҳамаашон тоҷикон ҳастанд ва наздики 30 мактаб бо забони тоҷикӣ кор мекунад. Ҳоло не...

Марямбонуи Фарғонӣ бо Меҳмон Бахтӣ. Акс аз бойгонии нависанда
Марямбонуи Фарғонӣ бо Меҳмон Бахтӣ. Акс аз бойгонии нависанда

“Ҷони ҳамдиёрони тоҷиктабори ман ба дард омадааст”

Гуфтовард аз дардҳои Марямбонуи Фарғонӣ:

“Бархеҳо маро насиҳат мекунанд: “Ҳикоя навишта намешинӣ? Чаро худатро ба азоб мемонӣ? Ба ҳамтаборонат, ки хӯйи ғуломӣ доранд, ҳамин тарзи зист маъқул, баъзеашон кӯшиш мекунанд, ки миллаташонро дигар кунанд, то мақому мартаба ёбанд. Ту Самарқанд мегӯйӣ, Бухоро мегӯйӣ, Сӯху Риштон мегӯйӣ, аз дарду доғашон мегӯйӣ, худатро пеши мақомдорони аввалватанат шумрӯ мекунӣ, осоиши хешу таборатро барҳам мезанӣ, аз ин чӣ фоида? Киро миннатдор мекунӣ?”.

Аммо “зарби дасти кӯҳканро теша медонад, ки чист!”. Аз он зарбаҳои ноадолатӣ ҷисму ҷони ҳамдиёрони тоҷиктабори ман ба дард омадааст. Ман ҳолати онҳоро дарк мекунам, дардашонро дар ҷисму ҷонам, дар мағзи устухонам ҳис мекунам, месӯзам, алам мекунам. Ва бо алам мегӯям: “Аламкаш не, аламбардорӣ бояд!”. Парчами ман сухан аст. Рисолати қалами нависандагӣ чунин бояд бошад. Ман нагӯям, ту нагӯйӣ, ӯ нагӯяд, кӣ гӯяд?”.

Марямбонуи Фарғонӣ бо духтараш Маҳпора. Акс аз бойгонии нависанда
Марямбонуи Фарғонӣ бо духтараш Маҳпора. Акс аз бойгонии нависанда

Ду дунёи Марямбону

Ӯ дар Душанбе оила барпо кард ва соҳиби ду духтар шуд. Ба гуфтаи худи ӯ, хабарнигорӣ аз омӯзгорӣ (методистӣ) чандин баробар вазнинтар буд, зеро фавриятро талаб мекард. Вале ҳамин кор ба нависанда таҷрибаи гаронбаҳо бахшид: ҳар рӯзноманигор бо сафарҳои хидматӣ ва суҳбат бо мардуми гуногун одаму оламдида мешавад.

Дар он солҳо ӯ гоҳо дар як шабонарӯз ҳамагӣ 3–4 соат мехобид: рӯз ба мусоҳиба ва гирдоварии мавод мегузашт; бегоҳ духтаронро аз кӯдакистон мегирифт, хӯрок мепухт, либосҳояшонро мешуст ва “басти шабонаи кор” танҳо баъд аз ин оғоз мешуд.

Қиссаву ҳикояҳояшро аксар вақт рӯзҳои шанбеву якшанбе менавишт. Барои таъмини рӯзгор дар ду-се ҷо фаъолият мекард, дар хона маҷаллаи “Фирӯза”-ро таҳриру тасҳеҳ менамуд ва гоҳо китобҳои қаламкашони ҷавонро ба тартиб медовард.

Худи ӯ мегӯяд, ки дар зиндагӣ ду дунё дошт: яке ҳаёти муқаррарӣ, дигаре дунёи эҷод - “зиндагии идеалие, ки сохтаи худам буд”.

Романи "Таманно"-и М. Фарғонӣ бо ҳуруфи форсӣ дар Эрон чоп шуд. Акс аз фейсбуки нависанда
Романи "Таманно"-и М. Фарғонӣ бо ҳуруфи форсӣ дар Эрон чоп шуд. Акс аз фейсбуки нависанда

Аз “Афсонаи тамаддун” то “Таманно”

Маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои “Афсонаи тамаддун” соли 1995 дар Душанбе чоп шуд. Баъдан “Ҳадиси Риштон” (2000), “Хуморшикан” (2004), “Чаҳор қисса” (2006) ва “Шаҳболи хаёл” (2011) ба табъ расиданд. Дар назм се маҷмӯа дорад: “Исои ман шав” (2006), “Нури ахтарпораҳо” (2011) ва “Табъи гуҳаррез” (2016). Аз соли 1992 узви Иттифоқи журналистон ва аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дар шеър ғазал, дубайтӣ, рубоӣ, чорпора ва мухаммасро озмудааст. Дар ашъораш бештар ҳувияти миллӣ, фарҳангу таърихи тоҷикон, зебоии гӯшаҳои Тоҷикистон, муҳаббат ва зиндагии содаю пурфайзи рустониён тасвир мешавад.

Дар миёнаҳои солҳои 90-ум Ҷоизаи адабии байналмилалии ба номи Борис Пастернак (Маскав) гирифт. Баъдтар “Нишони сухан”-и Иттифоқи нависандагон (2006), нишони Иттиҳоди журналистон “100-солагии матбуоти тоҷик” (2012) ва Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2013) насибаш шуд. Соли 2002 ба ӯ унвонҳои Аълочии маориф, фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон дода шуд.

Худро ба “гули худрӯй” монанд мекунад, ки берун аз қолабҳои шахшуда мерӯяд. Ҳангоми навиштан аз худ берун мешавад: бо қаҳрамонҳояш ҳамзист мегардад ва гӯё ду нафар мешавад – яке бо онҳо зиндагӣ мекунад, дигаре чун коргардон аз берун мушоҳида менамояд.

Мегӯяд, ки адиби каммаҳсул аст, зеро бе парии илҳом коре карда наметавонад. Аммо ҳампешагонаш, аз ҷумла Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, дар бораи Марямбону гуфтааст: “Марямбону кам менависад, аммо нағз менависад. Сабки хоси худро дорад”.

Мастона Эргашова ва Марямбонуи Фарғонӣ. Акс аз муаллиф
Мастона Эргашова ва Марямбонуи Фарғонӣ. Акс аз муаллиф

Эҷодёти Марямбону дар Эрон

Асари машҳуртарини ӯ “Таманно” аст. Қаҳрамони он, Таманно, зани худшинос ва бохирад аст, ки дар чорсӯи зиндагӣ, аз ҷумла дар замони муноқишаҳо, ҳувияти худро ҳифз мекунад; дар асар мавзӯи ҷанги шаҳрвандӣ низ ҳаст. “Таманно” аз қиссаи “Вақте саг соҳибашро нашинохт” оғоз ёфт, ки соли 2005 навишта шуд ва соли 2006 дар маҷмӯаи “Чаҳор қисса” чоп гардид. Хонандагон давомашро талаб карданд, Марямбону ду дафтари дигар – “Саргаранг дар чорсӯйи зиндагӣ” ва “Кушоиш”-ро илова кард, ҳар се бо номи “Таманно” дар нашриётҳои “Ирфон” ва “Адиб” ду маротиба, аз ҷумла соли 2014, ба табъ расид ва муқарризон онро роман номиданд. Хонандагон ҳоло ҳам мепурсанд, ки Таманно дар замони фановариҳо чӣ гуна зиндагӣ мекунад...

Ба гуфтаи нависанда, қаҳрамонашро аз миёни занони аз назарҳо дурмонда ёфтааст: аз зеботаринҳо ҳусн, аз муаддабтарин духтарон хӯи наҷиб ва аз бебоктаринҳо ҷасорат ба вом гирифтааст. Гоҳо дар ҳалли гиреҳҳои сюжет гум шуда, ҳатто фоли Ҳофиз ҳам гирифтааст.

Асарҳои ӯ аз марзи Тоҷикистон гузаштанд. Соли 2020 баргузидаи қиссаву ҳикояҳояш бо номи “Ман чунин девонаам” дар Теҳрон бо хатти форсӣ чоп шуд. Марямбону нақша дошт, ки дар маросими муаррифии китоб ширкат кунад, вале бемории COVID-19 нақшаҳоро тағйир дод. Ба гуфтаи дӯстонаш, хонандагони эронӣ китобро хуш пазируфтанд ва онро то охир аз даст намемонданд.

Имсол романи “Таманно” низ дар Эрон нашр шуд. Дар пушти муқоваи нашри эронӣ достонро ойинаи арзишҳои миллӣ ва ҳувияти фарҳангӣ номидаанд ва аз вижагиҳои он поёнбандии ғайричашмдошт ва шарики фикрӣ шуморидани хонандаро ёд кардаанд.

Марямбонуи Фарғонӣ. Акс аз бойгонии нависанда
Марямбонуи Фарғонӣ. Акс аз бойгонии нависанда

Аввалин зани нависандаи халқӣ

Дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо фармони раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон чанде аз адибони шинохта бо унвони Шоир ва Нависандаи халқии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Дар миёни онҳо соҳибэъҷоз Марямбонуи Фарғонӣ мақоми хос дорад, зеро ӯ дар таърихи ин унвон аввалин ва ягона занест, ки ба унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон сазовор гаштааст.

Гарчанде ки дар насри тоҷик пеш аз ӯ низ бонувони соҳибқаламе чун Муаззама Аҳмадова, Маҳбуба Турсунова ва Сафия Носирова фаъолият карда, осоре офаридаанд, аммо Марямбону бо эҷоди пайваста ва саҳми арзандааш дар адабиёт ба ин қуллаи баланд расид.

Ӯ умре дар баробари тарбияи фарзандон ва пешбурди зиндагӣ, бо масъулияти бузург дар риштаи хабарнигорӣ ва эҷоди асарҳои бадеӣ заҳмат кашидааст. Чунонки худаш мегӯяд, зиндагиаш ба ду оин тақсим шуда буд: яке ҳаёти оддию муқаррарӣ бо тамоми машаққаташ ва дигаре ҷаҳони пок ва беканори эҷод.

“Одам мондан ва одамвор зиндагӣ кардан”, - шиори асосии зиндагӣ ва мазмуни аслии эҷодиёти Марямбонуи Фарғонӣ аст.

153 просмотра

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

12 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

15 дня назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

15 дня назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

18 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

19 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ