Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:4411.08.2023
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 492 ҳодисаи роҳу нақлиёт рух додааст, ки дар натиҷаи онҳо 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Инчунин дар ин давра “Шаҳраки бехатар” 145,4 ҳазор ҳолати қоидавайронкунии ронандагонро сабт кардааст.
Дар ин бора Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Бар асари садамаҳои нақлиётӣ соли гузашта 416 ва соли 2021-ум 395 нафар ба ҳалокат расида буданд.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи садамаи мудҳише, ки шоми 6-уми август дар шаҳри Кӯлоб садамаи нақлиётӣ рух дод, 23 нафар куштаву захмӣ шуданд.
Мошини боркаши тамғаи “Дулан” ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ш.Шоҳин бо сабаби аз кор мондани “тормоз”-аш бо суръати баланд бо 7 худрави назди бозори “Сомонӣ”-и Кӯлоб бархӯрд ва 3 хонаро тахриб кард.
Ба иттилои Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар ин ҳодиса 10 нафар фавтида, 13 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
2 часов назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
23 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад