Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 15:1910.09.2025
Дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади як зан ва се фарзандашро, ки дар манзилашон беҷон пайдо шуда буданд, рӯзи 9-уми сентябр ба хок супурдаанд.
Мақомот ҳанӯз расман шарҳ надодаанд, ки ин аъзоёни ин оила чӣ тавр ҷон бохтаанд ва оё дар робита ба ин ҳодиса касе боздошт шудааст ё не.
Тавре ҳамсояҳои зан ба Радиои Озодӣ нақл кардаанд, ҳодиса шоми 5-уми сентябр иттифоқ афтодааст. Бори охир занро ҳамсояҳояш ҳамон рӯз дидаанд. Ҷасади модар, ду духтар ва як писараш баъди ду рӯзи маргашон пайдо гардидаанд.
“Номи зан Шаҳло аст. Духтаронаш Ҳабиба ва Ҳамида ва писараш Шараф ном доштанд. Писар синфи 6 ва духтаронаш дар синфи 9 ва 10 таҳсил мекарданд. Шавҳари зан дар муҳоҷирати кор буд, баъди ҳодиса ба Тоҷикистон омад. Шаби ҳодиса зан бо ҳамин се фарзандаш дар хона будаанд”, – гуфтаанд ҳамсояҳо ба Радиои Озодӣ.
Ба гуфтаи онҳо, шавҳари зан аз Русия бо ҳамсояҳо тамос гирифта, хоҳиш мекунад, ки “як бор бинед ку дар куҷо бошанд”, чун телефони аҳли хонаводааш ҷавоб намедодааст.
“Вақте зани ҳамсоя бо як ҳамсояи дигар вориди хона мешаванд, мебинанд ҳама ҷо кофтагӣ, бӯйи ғализ мебарояд. Як ҷойгаҳро мебинанд, ки писараш даҳонаш бо “скотч” печонидагӣ, мурдааст. Доду фарёд карда, мебароянд. Баъд милиса омада, дар хона ҷасадҳоро мебинанд”, – нақл кардааст яке аз ҳамсуҳбатон.
Сукути мақомот ва паҳншавии овозаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси тарсу ваҳми сокинони деҳа гардидааст. Баъзеҳо ин ҳодисаро бо кушторҳои мармузи Конибодом монанд медонанд, ки дар он давоми як сол 23 узви 7 оила ба қатл расиданд.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад