logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Марги як ҷавони 22-сола дар дарёи Душанбе

Як ҷавони 22-сола, истиқоматкунандаи муваққатии ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо сабабҳои номаълум дар оби рӯди Душанбе ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Your tj

12:1913.05.2025

Марги як ҷавони 22-сола дар дарёи Душанбе

Шабонарӯзи гузашта Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ду ҳодисаи ғарқшавиро ба қайд гирифтааст, ки дар яке аз онҳо, мутаассифона, ҷавони 22-сола ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои КҲФ, 12-уми май  ҷавони 22-сола, истиқоматкунандаи муваққатии ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо сабабҳои номаълум дар оби рӯди Душанбе ғарқ шудааст.

Гуфта мешавад, сокинон ҷасади ӯро дар мавзеи пули собиқ бозори Султони Кабир дида, ба қисми навбатдории Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе хабар додаанд.

Имдодгарон ҷасадро аз об берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Ба иттилои КҲФ марҳум дар асл сокини ҷамоати деҳоти Баланди ноҳияи Муъминобод будааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ғарқ шудани ӯро тафтиш мекунанд.

Шоми 12-уми май дар вилояти Суғд як духтари 18-сола, истқоматкунандаи шаҳри Хуҷандҳангоми  оббозӣ аз беэҳтиётӣ дар дарёи Сир ғарқ шудааст.

Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ сари вақт ба ҷойи ҳодиса расида, ин духтари ҷавонро наҷот додаанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine

16 часов назад

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

5 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

5 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

17 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ