Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:5229.09.2025
Дар вилояти Владимир зодаи Тоҷикистонро, ки дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳи Русия дар ҷанги зидди Украина ҳалок шуда буд, дафн карданд.
Тавре маъмурияти шаҳри Юрев-Полскийи вилояти Владимир хабар медиҳад, 26 сентябр маросими дафни Исломиддин Ҳикматович Раҳматови 23-сола баргузор шуд.
Ба гуфтаи манбаъ, Исломиддин Раҳматов соли 2002 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Ӯ пас аз имзои шартнома бо Вазорати дифои Русия, дар мақоми разведкачӣ-снайпер хизмат мекард.
Таъкид мешавад, ки Раҳматов дар моҳи августи соли 2025 ҳангоми амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Украина ва инчунин минтақаҳои худхондаи «ЛНР» ва «ДНР» ҳалок шудааст.
Маъмурияти шаҳр ҷузъиёти дигаре надодааст.
Моҳи апрели соли 2025 тарҳи украинии "Зистан мехоҳам" («Хочу жить») номи 931 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр кард, ки дар ҷангҳо аз ҷониби Русия ширкат доштанд ё доранд. Камаш 196 нафари онҳо ҳалок шудаанд.
Дар моҳи августи ҳамон сол муаллифони тарҳ рӯйхати нави 628 шаҳрванди Тоҷикистон нашр карданд, ки ба иттилои онҳо танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2025 бо қувваҳои мусаллаҳи Русия шартнома бастаанд.
Ба гуфтаи муаллифон, ин одамон аз ҷониби Русия дар ҷанг зидди Украина истифода мешаванд ва бисёре дар хатти пеш қарор гирифта, "қурбонӣ" мешаванд.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
33 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад