Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 18:2708.05.2025
Дар Тоҷикистон дар як рӯз ду садамаи маргбори нақлиётӣ боиси марги 4 нафар ва ҷароҳат бардоштани 12 нафари дигар дар вилояти Суғд ва ВМКБ гардидааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, 6-уми май ронандаи 42-солаи сабукрави тамғаи “Chevrolet Nexia”, Гундуков Комилҷон 1983, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Чаноқ” дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон ба электромобили тамғаи “BYD Song” таҳти идораи ронанда, Исмонов Орифҷони 59-сола бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи “Chevrolet Nexia” ва мусофири “BYD Song”, Исмонов Маруфҷони 56-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааанд.
Ду мусофири дигари “Chevrolet Nexia” ва ронандаи “BYD Song” ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳамон рӯз пас аз зуҳр як садамаи дигар дар ВМКБ рух дод, ки боиси марги ду нафар гардидааст.
Ронандаи 37-солаи автомашинаи тамғаи “Toyota Land Cruiser”, Маскаев Абдурашид ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Савноби ноҳияи Рӯшон сабукравро ба тарафи чапи роҳ ба чуқурии 15-20 метр чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофирон, Ҳотамов Иброҳими 43-сола, Ақназаров Марамбеки 59-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
8 мусофири дигар ва ронандаи автомашинаи мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Вазорат менависад, оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад