Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:5613.08.2024
Дар шаҳри Ваҳдат як марди 39‑солаи сокини ин шаҳр ба ҳамсараш корд зада, худро оташ задааст. Дар ин бора ВКД хабар дод.
Гуфта мешавад, мард аз рашк занашро бо корди конселярӣ захмӣ карда, баъд ба хотири озод шудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ худашро оташ задааст.
Зани 37‑солаи сокини шаҳри Ваҳдат ба шӯъбаи ВКД дар ин шаҳр бо аризаи шикоятӣ муроҷиат кардааст. Дар он гуфта мешавад, ки рӯзи 9‑уми август шавҳараш бо сабаби рашк дар пайи муноқишаи оилавӣ бо корди конселярӣ узвҳои ҳаётан муҳимашро буридааст.
“Гумонбаршаванда бо мақсади аз ҷавобгарии чиноятӣ озод шудан “ба НФС “ОРИЁ”-и шаҳри Ваҳдат рафта, дар зарфи обгирӣ сӯзишвории бензин дастрас намуда, тавассути он берун аз нуқтаи маҳалли аҳолинишин худро оташ задааст”,- менависад ВКД.
Зану шавҳар ҳоло дар шӯъбаи эҳёи беморхона бистарӣ буда, вазъи саломатияшон вазнин арзёбӣ мешавад. Тафтишот аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.
Читайте также
Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine
16 часов назад
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
5 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
5 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
17 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
20 дня назад