logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Марде дар Хатлон барои куштани ҳамсараш бо барқ ба 21 сол зиндон маҳкум шуд

Ҳодиса рӯзи 20 августи соли гузашта пас аз ҷанҷоли зану шавҳар бар сари хароҷоти тӯйи писарашон рух додааст.

Your tj

14:3609.01.2026

Марде дар Хатлон барои куштани ҳамсараш бо барқ ба 21 сол зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи Хатлон Чорӣ Қулиев, сокини ноҳияи Носири Хусравро барои куштори ҳамсараш ба 21 сол маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Ҳукм 16 октябри соли 2025 содир шудаааст.

Хабаргузории "Азия-Плюс" хабар дод, ки ҷузъиёти ҳодисаро дастрас кардааст.

Ба гуфтаи ёвари додситони Хатлон Варқа Зайниддин, ҳодиса рӯзи 20 августи соли гузашта пас аз ҷанҷоли зану шавҳар бар сари хароҷоти тӯйи писарашон рух додааст. Тӯй бояд моҳи декабри соли 2025 баргузор мешуд ва норасоии маблағ боиси муноқиша шудааст.

Гуфта мешавад, баъди ҷанҷол ҳамсари маҳкумшуда Улдона Рӯзиева хоб кардааст. Дар ин ҳолат маҳкумшуда аввал ба пушти сари ӯ бо санг ду зарба зада, сипас ноқилро ба ангуштонаш печонда, ба барқ пайваст кардааст. Дар натиҷа, ҷабрдида бар асари зарбаи барқ фавтидааст.

Сипас мард барои пинҳон кардани ҷиноят марги ҳамсарашро ба фишорбаландӣ рабт додааст, аммо тафтишот муайян кардааст, ки "зан бо барқ кушта шудааст". Чорӣ Қулиев бо иттиҳоми «куштор бо бераҳмии махсус» (моддаи 104, қисми 2, бандҳои «в» ва «е» КҶ) гунаҳкор дониста шудааст.

Назари маҳкумшуда ва наздиконаш дар бораи ҳукм дастрас нест.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

34 минут назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

21 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ