Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:0720.09.2024
Сокини 30 солаи шаҳри Хуҷанд барои одамкушӣ 25 сол равонаи зиндон шудааст. Ӯ бо гумони куштори ҳамсари ҳомилааш моҳи март боздошт шуда буд.
Дар ин бора “Азия-плюс” бо такя ба иттилои Фирӯза Аҳмадзода, судяи Суди вилояти Суғд ба хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, Неъматҷон Эшонқулов бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне одамкушӣ аз озодӣ маҳрум шуда, ҳукми суд як моҳ пеш содир шудааст.
Гуфта мешавад, номбурда ҳамсараш Фотима Сатторова, сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро шаби 15-уми март куштааст ва ба иттилои наздикон, ҳодиса дар хонаи истиқоматиаш рух додааст.
Қаблан, яке аз наздикони зани кушташуда ба “Азия-Плюс” гуфтааст, “шавҳари Фотима Сатторова, ки моҳи январ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта буд, 15-уми март ба ватан баргашта, ба тани ҳамсари ҳомилааш 70 маротиба корд задааст”.
Он замон сабаби куштор маълум набуд.
Ҳоло, тибқи ҳукми суд сабаби куштор “рад кардани туҳфае будааст, ки шавҳараш аз Русия барои Сатторова овардааст, ки дар натиҷа Эшонқулов асабӣ шуда... дар пеши модар ва додараш ҳамсари ҳомилаашро бо корди ошхона мезанад”.
“Ба ҳадде бо бераҳмӣ ҳамсарашро бо корд мезанад, ки дастаи корд мешиканад. Эшонқулов корди дуюмро оварда боз амалҳои қасдонаи худро давом медиҳад. Дар умум, бо зарби 73 корд ҳамсари ҳомиладорро аз ҳаёт маҳрум мекунад, ки 22 зарби корд дар қисми ҳаётан муҳим-гардан аст”, - гуфта мешавад дар ҳукми суд.
Бояд гуфт, ки Фотима Сатторова донишҷӯйи соли 5-уми шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд будааст.
Читайте также
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
4 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
5 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
17 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
20 дня назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 дня назад