logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Мадина Ҳалимова гуфт, чор фарзандашро аз рашк ба дарё андохтааст

Фарзияи “бемории рӯҳӣ” доштани занро, ки қаблан шавҳару наздикони Мадина иддао доштанд, вакили дифоъ рад карда гуфтааст, “сабаб рашки зиёд аст”.

Your tj

12:2716.07.2025

Мадина Ҳалимова гуфт, чор фарзандашро аз рашк ба дарё андохтааст

Мадина Ҳалимова, зани 27-солаи сокини ноҳияи Фархор, ки шаби 29 ба 30 июн чаҳор фарзанди хурдсолашро ба дарё партофт, гуфтааст, ки ба ин кор “аз рашк” даст зада, “аз карда пушаймон аст”. Дар робита ба ин қазия то рӯзи 15-уми июл ду мурофиаи додгоҳӣ баргузор шудааст.

Беҳрӯз Алиев, вакили дифои Мадина ба “Азия-Плюс” бархе аз ҷузъиёти ҳодисаро аз қавли ин зан нақл кардааст. Ӯ бо зерҳимояаш якчанд маротиба дар боздоштгоҳ ҳамсуҳбат шудааст.

Фарзияи “бемории рӯҳӣ” доштани занро, ки қаблан шавҳару наздикони Мадина иддао доштанд, вакили дифоъ рад карда гуфтааст, “сабаб рашки зиёд аст”.

“Аз сабаби он ки дар он шабу рӯз шавҳарам мошини нав харид, ба шаҳри Кӯлоб як шаҳу арӯс бурд ва шаб дар бағоҷи мошинаш гулҳо ва шиму костюмро дидам, рашкам зиёд шуд”, - гуфтааст Мадина дар суҳбат бо вакили дифояш.

Ӯ афзудааст, шаби ҳодиса ба телефони ҳамсараш аз номи як зан паём омадааст ва пас аз он рашкаш зиёд шуда, ба ин кор даст задааст. Вале, бо вуҷуди ин, Мадина гуфтааст, ки аз шавҳараш шикояте надорад.

Зан нақл кардааст, ки “аввал се кӯдакро ба дарё андохта, чорумӣ дар бағалам худро низ ба дарё партофтам”.

“Дар хотир дорам, ки вақте дар об ғӯта мезадам, ҷонам ширинӣ кард ва кӯдакро партофтаму як буттаро дошта, берун баромадам ва то саҳар дар даруни ҷангал гиря карда нишастам”, - илова кардааст Мадина Ҳалимова.

То ҳол ҷасади се кӯдак: Зайнаби 3-сола, Муҳаммади 2-моҳа ва Ёсамини 2-сола пайдо шуда, ҷустуҷӯи Латофати 5-сола идома дорад.

Нисбати Мадина Ҳалимова бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст, ки аз 15 то 25 соли зиндон ва ё ҳукми абадро пешбинӣ мекунад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

1 часов назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

22 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ