logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Пешниҳоди кор дар Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон

Маош вобаста ба ихтисос аз 600 доллари ИМА оғоз мешавад.

Your tj

11:3625.12.2024

Пешниҳоди кор дар Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хоҳишмандонро барои кор дар Қатар даъват мекунад.

Кор дар бахши чорвопарварӣ, анбори мошинҳо ва кор бо техникаи он пешниҳод карда мешавад.

Шартҳои асосӣ донистани забони англисӣ, надоштани доғӣ судӣ ва синну соли 20 то 38-сола аст.

Маош вобаста ба ихтисос аз 600 доллари ИМА оғоз мешавад.

Гуфта мешавад, ки аз ҷониби корфармо харидории чипта ва раводид (виза), ҷойи хоб, хурду хӯрок, либоси корӣ, корти нақлиётии ройгон ва хизматрасонии тиббӣ таъмин карда мешаад.

Хоҳишмандон метавонанд ба “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар Душанбе, ба суроғаи хиёбони Айнӣ 121 муроҷиат намоянд, ё ба рақамҳои 225 05 75, 225 02 21 занг зананд.

Ёдовар мешавем, ки як моҳ пеш Гулнора Ҳасанзода вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар доираи сафари худ ба Қатар масъалаи қабули муҳоҷирони корӣ, созишномаи қаблан қабулшуда ва кушодани марказҳои забономӯзиву касобмӯзӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карда буд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

32 минут назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

21 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ