logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Кафшергар ва донандаи забони кореягӣ. Қабули нахустин гурӯҳи муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Корея

Интихоб ва омодасозии ҳуҷҷатҳо барои сафар ва супоридани имтиҳони забони кореягӣ бо ҳузури намояндагони Ҷумҳурии Корея сурат мегирад.

Your tj

18:1325.12.2024

Кафшергар ва донандаи забони кореягӣ. Қабули нахустин гурӯҳи муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Корея

Маъракаи сафарбаркунии шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ аз семоҳаи аввали соли 2025 оғоз мегардад.

Тибқи дархости корфармоёни Ҷумҳурии Корея гурӯҳи аввал бо ихтисоси кафшергар (сварщик) фиристода мешавад, хабар медиҳад Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Шарти қабул ва интиқоли корҷӯён аз ҷониби корфармо:

  • Ба қайд гирифтани корҷӯй дар Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Сину соли мувофиқ аз 18 то 39 сола тибқи созишнома;
  • Донистани забони кореягӣ ҳатмӣ (дар сатҳи муошират);
  • Доштани шаҳодатномаи тахассусӣ бо ихтисоси кафшергар.

Интихоб ва омодасозии ҳуҷҷатҳо барои сафар ва супоридани имтиҳони забони кореягӣ бо ҳузури намояндагони Ҷумҳурии Корея сурат мегирад.

Шаҳрвандон метавонанд дар дилхоҳ марказҳои забономӯзии ба онҳо мувофиқ забони кореягиро омӯзанд.

Барои маълумоти бештар ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Лоҳутӣ бинои 108 муроҷиат намоед ё ба рақамҳои зер занг занед: 250-32-42 (Вазорат), 221-39-67, +992 55 555 1080, +992 987 906 666, +992 915 767 743, +992 930 934 994, +992 934 53 51 93 ва +992 906 88 93 13

Ёдовар мешавем, 31 октябри соли ҷорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Кореяи Ҷанубӣ Ёддошти тафоҳум “Оид ба фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати кор (EPS)-и Корея” ба имзо расид.

Дар заминаи Ёддошти мазкур бояд аз оғози соли 2025 интиқоли қувваи корӣ ба Корея сурат гирад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

1 часов назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

22 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ