logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

КҲФ дар Ҳисор ҷасади навраси 12-соларо пайдо кард

Кӯдак ҳангоми оббозӣ ғарқ шудааст.

Your tj

10:3217.07.2023

КҲФ дар Ҳисор ҷасади навраси 12-соларо пайдо кард

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар Ҳисор ҷасади як наврасро аз об берун оварданд. Гуфта мешавад, як писарбачаи 12-сола ҳангоми оббозӣ дар Канали калони Ҳисор ғарқ шудааст.

Рӯзи 16-уми июл, пас аз кофтукоби бардавом кормандони КҲФ ҷасади писарбачаро пайдо карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

КҲФ аз волидон хоҳиш мекунад, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд. Ба онҳо дар бораи оқибатҳои риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар об ва шиноварӣ дар ҷойҳои мамнӯъ фаҳмонанд.

Ба иттилои ин манбаъ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар 47 нафар ғарқ шудаанд, ки 26 нафарашон кӯдакону наврасони то 16-сола мебошанд.

Сабаби аслии ин ҳодисаҳо риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ дар об ва беназоратии кӯдакон аз ҷониби калонсолон арзёбӣ мешавад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

3 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

3 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

15 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

18 дня назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

19 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ