Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 15:2801.04.2025
Дирӯз, 31-уми март наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ҷасади як духтари 17-солаи сокини деҳаи Артучи шаҳри Панҷекатро аз Кӯли Ҷавонон берун овардаанд.
Имдодгарон ҷасадро аз об берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.
КҲФ сабабу ҳолати ғарқшавии ӯро шарҳ надодааст.
Ин ниҳод инчунин аз резиши санг дар километри 25-уми роҳи мошингарди Левакант-Данғара хабар додааст, ки бар асари он ду мошини сабукрави тамғаҳои “Mercedes Benz” ва “Opel Zafira” зарар дидаанд.
Гуфта мешавад, яке аз мусофирони ин мошинҳо бо ҷароҳати вазнин дар бемористони шаҳри Леваканд бистарӣ шудааст.
Ҳодиса 31-уми март, тахминан соати 14:35 ба қайд гирифта шудааст.
КҲФ менависад, барои тоза кардани роҳ аз сангрезаҳо техника ҷудо гардида, ҳаракати мошинҳо ба ду самт таъмин шудааст.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
2 часов назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
23 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад