Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 19:3216.03.2022
Ёдгор Файзов, раиси пешини Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки 5 ноябри соли гузашта аз мақомаш барканор шуда буд, мушовири Бунёди Оғохон (AKF) дар Осиёи Марказӣ таъин шуд.
Тибқи маълумотҳои дарёфтӣ ӯро ба ин вазифа ду моҳ қабл таъин карда буданд. Аз рӯйи вазифа Ёдгор Файзов бояд дар дафтари марказии Бунёд дар Женева бошад, аммо айни ҳол ӯ кору вазифаашро аз Душанбе пеш бурда истодааст.
Аввалҳои моҳи ноябри соли 2021 Ёдгор Файзов аз мақоми раиси ВМКБ пас аз се соли фаъолият барканор шуд, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Файзов бо амалҳои барои ҷомеаи Тоҷикистон ғайримаъмул ва суханрониҳои бепардаву барои мардум ва расонаҳо дастрас буданаш, хеле маъруф шуд. Ӯ дар мусоҳибаҳои зиёде бо расонаҳо ва ҳузури шахсияш дар даргириҳову гирдиҳамоиҳо ба яке аз мансабдорони мардумгаро ва қобили эътимод табдил ёфт.
Ҳамин тавр ӯбо озод шудан аз вазифаи раиси вилоят 16-уми декабри соли 2021 аз узвият ва муовинати раиси Маҷлиси милл-палатаи болоии порлумони Тоҷикистон ҳам барканор шуд.
Аз ин пеш Ёдгор Файзов вазифаи директори Фонди Оғохон дар Тоҷикистонро дошт. Акнун ӯ бар ин фонд мансаби баландтареро сазовор шудааст.
Читайте также
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
4 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
4 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
16 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
19 дня назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 дня назад