Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 09:1922.04.2026
21 апрел дар шаҳри Остона мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев баргузор гардид.
Тавре Хадамоти матбуотии раисҷумҳур хабар медиҳад, зимни суҳбат сарварони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистонро дар доираи шарикии стратегӣ баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо аз рушди босуръати ҳамкорӣ дар тамоми самтҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, ба зарурати таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ, тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ таъкид карданд. Дар ин замина, бахшҳои саноат, нақлиёт, логистика ва кишоварзӣ самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин зикр шудааст, ки ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2025 ба 1,2 миллиард доллар расидааст. Соҳаҳои рақамикунонӣ, инноватсия, технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ низ ҳамчун самтҳои ояндадори ҳамкорӣ муайян шуданд.
Дар самти амният, сарони давлатҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории низомӣ ва низомӣ-техникӣ, инчунин мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳониву минтақавиро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории бисёрҷониба дар чаҳорчӯби сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла омодагӣ ба Ҳамоиши экологии минтақавӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки имрӯз дар пойтахти Қазоқистон баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
331 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
4 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
4 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
16 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
19 дня назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 дня назад