Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 17:3308.05.2023
Имрӯз, 8-уми май президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Русия парвоз кард. Дар як суҳбати телефонӣ рӯзи 5-уми май аз ҷониби ҳамтои русаш Владимир Путин барои ширкат дар чорабиниҳои бахшида ба таҷлили Рӯзи Ғалаба даъват шуда буд.
Ба иттилои Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон ин сафари президент “боздиди корӣ” аст.
Дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар рафти ин сафар ҳамчунин дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба иштирок кунад, гуфта мешавад дар хабар.
Ёдовар мешавем, ки қаблан президенти Қирғизистон Содир Жапаров ягона роҳбари кишвари хориҷие дониста мешуд, ки дар таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Москва иштирок мекунад.
Вале, тавре расонаҳо хабар медиҳанд, Владимир Путин инчунин, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадовро низ ба Москва даъват кардааст.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
33 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад