logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Путин ба Москва рафт

Президенти Тоҷикистон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар майдони Сурхи шаҳри Москва иштирок мекунад.

Your tj

15:2708.05.2025

Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Путин ба Москва рафт

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз, 8 май бо даъвати Владимир Путин президенти Русия ба шаҳри Москва сафар кард. Дар ин бора Хадамоти матбуоти роҳбари давлат хабар дод.

Гуфта мешавад, сарвари давлат дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар майдони Сурхи шаҳри Москва иштирок мекунад.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, сарвазири Тоҷикистон, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

32 минут назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

21 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ