logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Наврӯз ба Суғд меравад

Дар он ҷо президент дар маросими ифтитоҳи як қатор объектҳо низ иштирок мекунад.

Your tj

15:2427.03.2023

Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Наврӯз ба Суғд меравад

Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари серӯзаи корӣ ба шимоли Тоҷикистон меравад. Дар вилояти Суғд ӯ ҳамчунин дар таҷлили ҷашни Наврӯз ширкат хоҳад кард.

Ба иттилои хадамоти матбуоти президент, сафари Раҳмон ба вилояти Суғд рӯзҳои 29 – 31 – уми март дар назар аст. Дар он ҷо президент дар маросими ифтитоҳи як қатор объектҳо низ иштирок мекунад.

«Дар доираи сафари корӣ сарвари давлат аз ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Истиқлол, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов дидан мекунад»,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Дар рӯзҳои аввали таҷлили Наврӯз Эмомалӣ Раҳмон дар Амрико буд ва дар конфронси оби СММ ширкат дошт. Вай 25 март ба Душанбе баргашт.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки чорабиниҳои асосии идона дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ба ифтихори Наврӯзи имсола дар шимоли кишвар – дар Хуҷанд баргузор мешаванд. Ба он ҷо намояндагони зиёиёни эҷодкор ва мадании мамлакат, ҳайатхои намояндагони хориҷӣ ҳамчун меҳмон даъват карда мешаванд.

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии Суғд пойгаи аспдавонӣ, бузкашӣ, ҷашнвораҳои «Сайри гули лола», «Арӯси наврӯзӣ» ва «Маликаи баҳор» барпо мегардад.

Соли гузашта дар ноҳияи Балхии вилояти Хатлон ба ифтихори Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ чорабиниҳои идона баргузор шуда буданд.

Дар Тоҷикистон имсол сокинони кишвар ҳашт рӯз истироҳат карда, иди байналмилалии Наврӯзро аз 20 то 27 – уми март таҷлил карданд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

19 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ