logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Эҳтимоли боронҳои шадид, шамол ва селу обхезӣ охири ҳафта дар Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сокинонро ҳушдор медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз моҳидорӣ, шикор, чорвочаронӣ ва ҷамъоварии гиёҳҳо худдорӣ кунанд. 

Your tj

16:5517.04.2025

Эҳтимоли боронҳои шадид, шамол ва селу обхезӣ охири ҳафта дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон аз 17 то 19-уми апрел шамолу тӯфони гарду ғубор, боришоти шадид, пастшавии ҳарорати ҳаво ва баландшавии сатҳи дарёву обанборҳо пешгӯӣ мешавад.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо истинод ба иттилои Агентии ҳавошиносии кишвар хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 18-19 апрел дар аксар ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои минтақаҳои баландкӯҳ ҳарорати ҳаво то 10-15 паст мешавад.

Рӯзҳои 17-18-уми апрел шамол аз самти ғарб бо суръати то 9-14м/с, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 17-22 м/с вазида, дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва маркази ҷумҳурӣ 17-уми апрел тӯфони гарду ғубор дар назар аст.

Ба навишати Кумита, рӯзҳои 17-19-уми апрел бар асари боронҳои пуршиддат эҳтимоли боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳои Панҷ, Обихингоб, Сурхоб, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), дарёҳои Варзоб, Лучоб, Харангон, Элок ва Зарафшон вуҷуд дорад.

Рӯзҳои 17-20-уми апрел дар натиҷаи боришоти пайдарпай ва бошиддат ба истиснои шарқи ВМКБ, дар баъзе минтақаҳои Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ғарби ВМКБ хатари омадани сел вуҷуд дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сокинонро ҳушдор медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз моҳидорӣ, шикор, чорвочаронӣ ва ҷамъоварии гиёҳҳо худдорӣ кунанд.

Ҳамчунин, ин ниҳод аз волидон хоҳиш мекунад фарзандонашонро беназорат нагузоранд ва аз рафтан ба соҳили об, назди селроҳаву ҷӯйбор ва каналҳо боздоранд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

2 часов назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

23 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ