logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Як ронандаи таксиро мизоҷаш барои 37 сомонӣ 8 корд задааст

Ронанда 37 сомонӣ маблағи роҳкироро мепурсад ва мизоҷ ногаҳон бо корд ҳамла карда, ба қисмати рости гардан 5 зарба ва ба ҳарду дастонаш як кордӣ мезанад

Your tj

19:1025.01.2024

Як ронандаи таксиро мизоҷаш барои 37 сомонӣ 8 корд задааст

Дар Душанбе як ҷавони 23-сола, ронандаи ширкати “Як таксӣ” ба қисмати гардан ва дастонаш аз ҷониби як мизоҷаш 8 зарби корд гирифтааст.

Дар ин бора сомонаи газетаи “Фараж” аз нақли волидони ҷавони ҷабрдида иттилоъ дода, як гузориши видеоӣ низ нашр кардааст.

Ҳамла ба ҷабрдида, Зиёвиддин Беков субҳи 15-уми январи соли равон дар минтақаи Яккачинори шаҳри Душанбе сурат гирифтааст.

Аз рӯи нақли манбаъ, ин ҷавон чор моҳ боз бо мошини иҷора дар ширкати “Як таксӣ” фаъолият доштааст. Зиёвиддин яккаписар буда, тирамоҳи соли гузашта оиладор шудааст.

Падари ҷавони ҷабрдида нақл мекунад, ки писараш субҳи рӯзи 15-уми январ аз маҳаллаи “Ҳаёти Нав”, аз наздикии тарабхонаи “Бохтариён” як касро гирифта, аввал то қарибиҳои “Ромсар” ва боз аз он ҷо ба маҳаллаи “Яккачинор” мебарад ва ба як кӯчаи нишондодаи мизоҷ даромада меистад.

“Роҳкирои мизоҷ 37 сомонӣ шудааст. Пас аз он ки писарам маблағи роҳкироро мегӯяд, он одам, ки дар нишастгоҳи қафои мошин будааст, ногаҳон бо корд ҳамла карда, ба қисмати рости гардан 5 зарба ва ба ҳарду дастонаш як кордӣ мезанад”,- нақл мекунад падари ронанда.

Ба гуфтаи ӯ, Зиёвиддин дар ҳамон ҳол низ муқобилият нишон дода, аз мошин фаромада мегурезад. Баъдан роҳгузарон мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват карда, ҷабрдидаро ба Беморхонаи “Қарияи Боло” мерасонанд.

“Табибон ҷарроҳӣ карданд, ду рӯз дар бахши эҳё буд, 8 рӯзи дигар дар утоқи умумӣ табобат гирифт. Дирӯз Зиёвиддинро ба хона ҷавоб доданд”,- нақл мекунад падари Зиёвиддин.

Бино ба нақли ӯ, нафари ҳамлагар раги артерия ва дигар рагҳои асабу хунгардро аз тарафи рост буридааст. Барои ҳамин чашму дасти рости Зиёвиддин аз ҳаракат бозмондаанд.

Падар мегӯяд, ки ният дорад иҷора нишинад ва ба хотири табобати писари ягонааш манзили истиқоматиашро ба фурӯш гузорад.

Гуфта мешавад, мақомот аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз карда, тафтишот идома дорад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

20 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ