logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Ноболиғи 13 соларо дар Истаравшан ду мард таҷовуз кардаанд, ки ӯ ҳомиладор шудааст

Яке аз таҷовузкорон падарандари ноболиғ будааст.

Your tj

22:0006.01.2022

Ноболиғи 13 соларо дар Истаравшан ду мард таҷовуз кардаанд, ки ӯ ҳомиладор шудааст

Дар Истаравшан ба номуси як духтараки ноболиғи 13 сола дастдарозӣ кардаанд, ки дар натиҷа ӯ ҳомиладор шуда, исқоти ҳамл кардааст. Кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд ду шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Спитаменро ҳамчун гумонбар дастгир кардаанд.

Дар ин бора мақомоти милиса дар гузориши махсуси телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ додаанд. Тибқи иттилоъ падарандари 31-солаи ин ноболиғ Ҳасан Аҳмадов ва Азизҷон Уралови 34-сола аз ноҳияи Спитамен дар ин ҷинояти мудҳиш гумонбар дониста мешаванд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки Ҳасан Аҳмадов, сокини ҷамоати Зарҳалоли шаҳри Истаравшан соли 2020 бо модари ноболиғи ҷабрдида, ки аз никоҳи аввал як духтар ва як писар доштааст, тариқи никоҳи мусулмони издивоҷ кардааст.

“Гумонбаршаванда Ҳасан Аҳмадов моҳи декабри соли 2020 дар манзили истиқоматияш, воқеъ дар деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан бо истифода аз тобеияти ноболиғи дар тарбияаш қарор дошта, ки муқобилият нишон дода наметавонад ва оқибати амалу рафтори худро сарфаҳм намеравад алоқаи ҷинсӣ намудааст”, - гуфта мешавад, дар гузориши телевизионӣ.

Гумонбари дуюми ҷинояти мазкур Азизҷон Уралов бошад аз моҳи июл то августи соли 2021 дар шаҳри Бӯстон бо духтарак зиндагӣ карда, бо ӯ муносибатҳои шаҳвонӣ анҷом додааст. Дар натиҷа духтарак ҳомиладор шуда, исқоти ҳамл кардааст. Маълум нест, ки чаро духтарак тӯли як моҳ бо гумонбаршуда Уралов ҳамзистӣ кардааст.

Гумонбари ҳодиса Азизҷон Уралови 34-сола аз ноҳияи Спитамен

Айни ҳол нисбати ин ду мард тибқи  моддаи 138 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (таҷовуз ба номус) парвандаи ҷиноӣ боз шуда гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Бар асоси модаи мазкур гумонбаршудагонро маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 12 то 20 сол ё  ҳабси якумра таҳдид мекунад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

4 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

5 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

17 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

20 дня назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ