Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 11:2814.04.2023
Писари ягонаи шоирони халқии Тоҷикистон Озарахш ва Фарзона, Ҳумоюн Каримзодаи 21-сола дар дарёи Сири шаҳри Хуҷанд ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса рӯзи 13 апрели рух додааст.
Бегоҳии он рӯз ҷасади Ҳумоюнро аз об берун баровардаанд. Дар ин бора наздикону пайвандони шоирон хабар медиҳанд.
Гуфта мешавад, ки Ҳумоюн Каримзода донишҷӯи шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд.
Ӯ фарзанди хурдӣ ва писари ягонаи ин ҷуфти маъруф, дар донишгоҳ таҳсил мекард ва гоҳо овозхонӣ ҳам мекард. Чанд сабти ҳунарнамоии ӯ бо падараш Озарахш ва амакбачааш Фараҳманд Каримов, ки низ аз овозхонҳои шинохтаи тоҷик ба шумор меравад, дар Интернет нашр шудааст.
Озарахш (Толиб Каримов) сармуҳаррири Нашрияи "Паёми Суғд", шоир ва таронасарои маъруф буда, дар маҳфилҳо овозхонӣ ҳам мекунад. Ҳамсари ӯ Фарзона (Иноят Хоҷаева)-ро, ки дар кишвар устоди шеъри муосир ном мебаранд, дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи нависандагон ба номи Турсунзода (1995), ҷоизаи ҷавонони вилояти Суғд (1995), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008) буда, ҳарду бо унвони баланди Шоирони халқии Тоҷикистон мушарраф шудаанд.
Хабари марги Ҳумоюн шаби гузашта соати 22:30 дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва то ин дам садҳо нафар ба оилаи шоирони халқи изҳори тасаллият навишта, баъзе аз шоирон сӯгномаҳо нашр кардаанд.
Аз ҷумла, Иттифиқи нависандагони Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ба ду шоири халқии Тоҷикистон тасаллият гуфтааст.
Ҷанозаи Ҳумоюн Каримзода имрӯз соати 10:00 дар кучаи Саид Носирови маҳаллаи Пахтакор, ҳавлии шоирони халқӣ Фарзона ва Озарахш баргузор шуд.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
19 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад