Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 13:4912.07.2023
Суҳроб Қурбонзода аз вазифаи сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, ба ҷойи ӯ Рустам Мирзомуродзода ба ин курсӣ нишаст.
Инчунин, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз, 12-уми июл дар як қатор воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал омад.
Тавре сомонаи Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, сардорони Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои ҳаракати сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр, Раёсати экологӣ ва сайёҳӣ ва Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе низ таъин гардиданд.
Зикр мегардад, ки Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолатҳои зиёди қонуншиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои қалбакӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат изҳори нигаронӣ кардааст.
Президент ҷиҳати тоза намудани сафи ҳайати шахсии Бозрасии давлатии автомобилӣ супориш дод, ки тамоми кормандони он аз аттестатсия гузаронида шаванд.
“Ба роҳбарияти мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ дастур дода шуд, ки минбаъд зимни ба кор қабул кардан ба маҳорати касбӣ ва дониши мукаммали кадрҳо диққати ҷиддӣ дода шавад”,- таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
33 минут назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
21 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад