logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи Душанбе ва ҳамроҳонаш аз боздошт раҳо шудаанд

Ба иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ, онҳо барои ин 300 миллион сомонӣ – баробар ба қариб 32 миллион доллари амрикоӣ супурдаанд.

Your tj

10:4818.09.2025

Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи Душанбе ва ҳамроҳонаш аз боздошт раҳо шудаанд

Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе пас аз 4 моҳу 17 шабонарӯз дар боздошт будан, рӯзи 17-уми сентябр раҳо шудааст.

Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳои худ менависад, ки ҳамроҳи ӯ Аслиддин Меликзода, муовини пешини ӯ дар фурудгоҳ, Муҳриддин Давлатов, раҳбари пешини таъминоти фурудгоҳ ва Тағоймурод Ҷӯразода, сармуҳосиби собиқи фурудгоҳ низ бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист аз боздошт раҳо шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, онҳо барои ин 300 миллион сомонӣ – баробар ба қариб 32 миллион доллар супурдаанд.

Радиои Озодӣ аз қавли як манбаи худ, ки ному вазифаашро махфӣ доштааст, менависад, ки “чораи пешгирӣ аз ҳабс дар нисбат ба онҳо тағйир кардааст, вале парвандаашон қатъ нашудааст ва онҳо ваъда додаанд, ки беш аз 700 миллион сомонии дигар (наздики 74 миллион доллар)-ро мепардозанд”.

Исматулло Абдуллозода, раиси собиқи фурудгоҳи Душанбе чор моҳ пеш бо гумони аз худ кардани беш аз 1 миллиард сомонӣ боздошт шуда буд.

Дар бораи ҷуброни зиён ва озодии шартии ин афрод мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз расман хабар надодаанд.

Исматулло Абдуллозода аз соли 2016 раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе буд. Ба ҷойи ӯ Зайнулло Шарифзода раиси фурудгоҳ таъйин шуд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

5 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

3 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ