Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
"Иродаи қавӣ ва масъулиятнокӣ зарур аст". Занон метавонанд дар соҳаи энергетика карераи худро созанд?
Дата публикации: 10:2315.09.2023
Меҳмони навбатии мо Мавҷуда Холиқзода собиқ муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” аз камтарин занҳоест, ки дар қатори топ-менеҷерони соҳаи энергетика фаъолият кардааст.
Ӯ нақл кард, ки ба соҳаи энергетика то чӣ андоза шавқу ҳавас дошт. Бо орзуи муваффақ шудан дар соҳаи писандида ва ба расидан ба зинаҳои баланд Мавҷуда ба Донишкадаи техникӣ дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм кард ва соҳиби ҷойи кор гардид.
Вале тавре худаш мегӯяд, шавҳараш кор кардани ӯро нахост.
“Падарарӯсам мусоидат кард, ки ман дар соҳаи дӯстдоштаам фаъолиятро идома диҳам”,- қайд намуд ӯ.
Мавҷуда Холиқзода мегӯяд, баробарии имкониятҳо барои марду зан дар соҳаи энергетика аз худи шахс вобаста аст. Танҳо иродаи қавӣ ва масъулиятнокӣ метавонад занонро дар ин ҷода муваффақ гардонад, андеша дорад ӯ.
“Ман ба духтарони ҷавон тавсия медиҳам, ки агар ба соҳаи энергетика шавқ дошта бошанд, аз паси амалигардонии он шаванд. Ман 42 сол дар ин соҳа кор кардам, вале то ҳанӯз сафи занони ҳамкасби ман ниҳоят кам аст”,- афзуд Мавҷуда Холиқзода.
Шумо метавонед шакли аудиоиро дар инҷо гӯш кунед:
Мо ин силсилаи подкастҳоро “Гендернетика” – аз ду калима: гендер ва энергетика номидем. Дар Тоҷикистон барномаи Бонки Осиёии Рушд барои рушди бахши энергетика амалӣ мешавад. Яке аз натиҷаҳои ин барнома ислоҳоти соҳа, баланд бардоштани иқтидор, аз ҷумла афзоиши иштироки занон дар бахши энергетика мебошад.
Ҳар ҳафта меҳмонони мо аз таҷрибаи кор дар соҳаи энергетика мубодилаи афкор намуда, духтаронро ҳавасманд мекунанд ва масъалаҳоеро ба миён мегузоранд, ки аз ҳалли онҳо татбиқи сиёсати гендерӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат вобастагӣ дорад.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад