Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:5728.01.2022
Қирғизистон дар пайи даргириҳои шоми 27- уми январ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба амал омада, тибқи моддаи “ҷиноят алайҳи сулҳ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Дар ин бора соманаи қирғизии Кактус Медиа хабар додааст.
Дар хабарнома гуфта нашудааст, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи кӣ ва дар кадом асос кушода шудааст.
“Раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканд бо моддаи "ҷиноят алайҳи сулҳ"-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Нисбати зарадидагоне, ки ҷарҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд ташхиси судии тиббӣ таъин шудааст”, - менависад ин сомона.
Бино ба иттилои хадамоти марзбонии Тоҷикистон муноқиша миёни сокинон рӯзи 27-уми январ, тахминан соати 17:20 пас аз маҷбуран боздоштани автомашинаи тамғаи «Портер»-и шаҳрванди Тоҷикистон дар болои пули наздикии деҳаи Хоҷаи-Аъло аз ҷониби як гурӯҳи панҷоҳнафараи шаҳрвандони Қирғизистон оғоз шудааст.
Ҷониби Қирғизистон дар ҷавоб ба изҳороти Хадамоти марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, ки тоҷикистониён бо санг роҳи мошингарди Бодканд-Исфанаро бастанд ва коркунони ҳарбиаш бо истифода аз силоҳ тир кушоданд.
Дар натиҷаи муноқиша аз ҳарду ҷониб то ҳол аз 1 кушта ва ҳиёда аз 25 захмиён хабар доданд. Дар даргириҳои марзии шоми 27-уми январ аз ҷониби Тоҷикистон 17 нафар захмӣ ва 2 нафар ҳалок шудааст. Аммо имкон дорад теъдоди онҳо бештар бошад, зеро бархе аз захмиёнро пизишкон дар худи деҳаи Хоҷаи Аъло кӯмак кардаанд.
Ҷониби Қирғизистон тамоми қойдаҳои умумибашариро поймол намуда ба сӯи мошини ёрии таъҷилии Тоҷикистон тир андохт, ки дар натиҷа ронандаи он Абдулатиф Шарифови 62-сола ба ҳалокат расида ду корманди масъули ҳукумати Исфара, ки дар як мошин буданд захмӣ шудаанд.
Бояд гуфт, ки ҳамин ҳоло дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо иштироки Раҳмоналӣ Раҷабалӣ, раиси Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон музокироти ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад.
797 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад