logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Имтиҳони EPS TOPIK барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ оғоз мешавад

Барнома барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти фаъолият дар соҳаи истеҳсолот дар Кореяи Ҷанубиро доранд, пешбинӣ шудааст.

Your tj

09:4724.02.2026

Имтиҳони EPS TOPIK барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ оғоз мешавад

Аз 2 то 5 март қабули аризаҳо барои иштирок дар имтиҳони низоми EPS TOPIK ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон эълон кардааст.

Барнома барои шаҳрвандоне пешбинӣ шудааст, ки нияти фаъолият дар соҳаи истеҳсолот дар Кореяи Ҷанубиро доранд. Барои номнавис шудан пардохти боҷи имтиҳон ба маблағи 330 сомонӣ талаб мешавад. Қабул дар бинои Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Душанбе сурат мегирад.

Талабот ба довталаб:

  • шаҳрванди Тоҷикистон;
  • донистани забони кореягӣ тибқи низоми EPS TOPIK;
  • синну сол аз 18 то 39 сола (санаи таваллуд аз 03.03.1986 то 02.03.2008);
  • надоштани доғи судӣ;
  • надоштани ихроҷшавӣ аз Корея;
  • солимӣ ва набудани бемориҳои сироятӣ.

Барои номнавис шудан лозим аст:

  • рақами телефон;
  • шакли электронии шиносномаи хориҷӣ;
  • расми рангаи электронӣ (3,5×4,5, фон сафед).

Маълумот бояд дақиқ ва бо ҳарфҳои лотинӣ, мутобиқ ба шиносномаи хориҷӣ ворид карда шавад. Шахсоне, ки маълумоти нодуруст пешниҳод мекунанд, ба имтиҳон роҳ дода намешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 80.

Телефонҳо: 221-39-83, 221-39-67, 930934994 (WhatsApp, Telegram, Телеграм-канал):

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

20 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ