Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 17:0718.04.2022
Соли хониш барои мактаббачаҳо имсол то 1 июн ҷамъбаст мешавад, хабар медҳад, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
Бо мақсади анҷоми соли таҳсили 2021-2022 фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2021-2022, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.
Ба иттилоъи вазорат хонандагони синфҳои 1 аз 25 май ва толибилмони синфҳои 2-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат аз 1 июн ба таътили тобистона мебароянд,
Ҳамчунин дар фармоиши вазир гуфта шудааст, ки аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) аз 3 то 10 июн, синфҳои 5-8 ва 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ғоибона аз 3 то 10 июни соли 2022 гузаронида шавад.
Чанд соли охир анҷоми соли хониш дар кишвар ба як мушкилӣ мубаддал гашта буд.Чунолҳои пеш, 25 май ҳамаи дарсҳо дар кишвар ба анҷом мерасид. Аммо баъдан ин санаро ба 1 июн, дертар ба 7 июн, чанд соли охир ба 14 июн расониданд, ки ин норозигии волидонро ба бор оварда, зеро хонандагон дар ҳавои гарми тобистон дар синфхонаҳои гарм дарс мехонданду мушкилӣ мекашиданд.
Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли гузашта зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш пешниҳод намуд, ки соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ҳамасола 1 июн ҷамъбаст карда шавад ва бо ҳамин мушкилии чандинсолаи хонандагону волидонашонро бартараф намуд.
Читайте также
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
3 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
3 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
15 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
18 дня назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
19 дня назад