Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 11:4519.06.2023
Тибқи иттилои пешакии Шӯрои уламои Тоҷикистон имсол иди Қурбон рӯзи 28-уми июн таҷлил мешавад.
Ба иттилои Кумитаи дин, санаи расмии таҷлили ид рӯзи чоршанбе, дар ҷаласаи Шӯро эълон хоҳад шуд.
Иди Қурбон яке аз идҳои муқаддас дар дини ислом аст. Дар ин рӯз мардуми мусалмон қурбонӣ мекунанд. Сеяки гӯштро оила барои худ нигоҳ медорад ва ду ҳиссаи боқимондаро ба наздикону ниёзмандон хайр мекунад.
Ба ин тартиб, аввали ҳафтаи оянда тоҷикистониён ба ҳисоби рӯзи якшанбе чор рӯз пай дар пай истироҳат хоҳанд кард.
Бо мақсади таъмини давомнокии рӯзҳои ид бидуни танаффус тибқи қарори “Дар бораи гузарондани рӯзҳои ид ба рӯзҳои дигари корӣ дар соли 2023” рӯзи шанбеи 24-уми июн рӯзи корӣ буда, истироҳат ба рӯзи душанбеи 26-уми июн гузаронида мешавад.
Мутаносибан, якшанбеи 25-уми июн ва душанбеи 26-уми июн рӯзҳои истироҳат буда, 27-уми июн дар кишвар ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ (рӯзи истироҳат) ва 28-уми июн Иди Қурбон, ки рӯзи истироҳат маҳсуб мешавад, таҷлил мегардад.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад