Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 10:5613.10.2022
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон 50,2% иҷро шуд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати мудофиа гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки дар даҳ рӯзи аввал ин нишондод қонеъкунанда аст. Дар рӯзи аввалини эълони давъати тирамоҳӣ ВМКБ аз иҷрои пурраи он нахустин шуда хабар дода буд. Баъдан ноҳияҳои Данғараву Вахш ва якчанд ноҳияву ҷамоатҳои дигар аз иҷрои нақшаи даъват гузориш доданд.
Ба гуфтаи манбаъ тайи даҳаи аввали моҳи октябр ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Сангвору Лахш ва шаҳри Ҳисор низ нақшаро пурра иҷро карда, дар умум иҷрои даъват ба Артиши миллӣ дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ба 62% баробар шудааст. Дар вилояти Хатлон ин нишондод 51 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шаҳрвандони ҷинси мард, ки синнашон аз 18 то 27 – сола буда, ба хизмати ҳарбӣ мувофиқанд, дар ду мавсим ҷараён мегирад. Даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.
Аз 1 – уми октябри соли равон, дар асоси Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, аз 3 – юми сентябри соли 2022, “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995 –2004 – и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ муташаккилона идома дорад.
527 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
20 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад